Вопрос № 01754

Ҳангоми қиёмат чун ҳама мемиранд, кӣ зинда мемонад? Баъзе мегўянд, ки ҳазрати Исо (а) зинда мемонад ва пасон мемирад. Боз мегўянд, ки ҳазрати Азроил (а) ҷони худашро қабз мекунад.

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Ҳангоми қиёмат чун ҳама мемиранд, кӣ зинда мемонад? Баъзе мегўянд, ки ҳазрати Исо (а) зинда мемонад ва пасон мемирад. Боз мегўянд, ки ҳазрати Азроил (а) ҷони худашро қабз мекунад. Оё ин суханон ҳақиқат доранд? Мегўянд, ки пас аз омадани Даҷҷол ҳама аз дунё кофир мегузаранд. Оё ин дар Қуръон омадааст? 2. Дар вақти варзиш агар бадан арақ кунад, таҳорат мешиканад? 3. Оё бо ангушт тасбеҳ гардонидан дуруст аст? Дар як китоб хондам, ки нодуруст аст, оё ин ҳақиқат дорад?

Саволдиҳанда: Давлаталӣ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ҳангоми қиёмат ҳама мавҷудоти ҷондор мемиранд ва дар охир ҳазрати Азроил (а) ба фармони Худованд ҷони худашро қабз мекунад. Ба ҷуз Худованди ягона касе намемонад. Хуруҷи Даҷҷол яке аз нишонаҳои қиёмат аст ва он фитнаи бузурге аст, ки ҳамаи пайғомбарон умматони хешро аз он ҳушдор додаанд. Расули Худо (с) низ умматашро аз фитнаи Даҷҷол огоҳ карда, таъкид доштааст, ки аз он ба Худованд паноҳ баранд. Дар охири замон дар рўи замин фақат мардумони шароратпеша боқӣ мемонанд ва дар ин ҳангом қиёмат барпо мешавад. Хабари фитнаи Даҷҷол дар ҳадисҳои набавӣ ривоят шудааст. 2. Бо арақ кардани бадан таҳорат намешиканад. 3. Бо ангуштон тасбеҳ гардонидан дуруст аст, он чи дар он китоб омадааст, эътибор надорад.

2018-05-05
3367
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39