Вопрос № 01949

Дар шаби аввали хонадоршавӣ кадом дуо ё сураро хондан лозим аст?

Вопрос:

Дар шаби аввали хонадоршавӣ кадом дуо ё сураро хондан лозим аст?

Саволдиҳанда: Фирдавс

Ответ:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар шаби аввали хонадоршавӣ мустаҳаб аст, ки домод дасти росташро дар пешонии ҳамсараш монда, сипас ин дуоро бихонад:

اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ خَيْرَهَا وَخَيْرَ مَا جَبَلْتَهَا عَلَيْهِ ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّهَا وَمِنْ شَرِّ مَا جَبَلْتَهَا عَلَيْهِ.

 «Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳо ва хайра мо ҷабалтаҳо ъалайҳи ва аъузу бика мин шарриҳо ва шарри мо ҷабалтаҳо ъалайҳи».

Тарҷума: «Худовандо! Ман аз Ту хубии ин занро мехоҳам ва хубии он чи ўро бар он сириштаӣ ва аз бадии ў ва бадии он чи ўро бар он сариштаӣ, ба Ту паноҳ мебарам».

Инчунин суннат аст, ки пеш аз наздик шудан ба ҳамсари худ ин дуоро бихонад:

بِسْمِ اللَّهِ، اللَّهُمَّ جَنِّبْنَا الشَّيْطَانَ، وَجَنِّبِ الشَّيْطَانَ مَا رَزَقْتَنَا.

«Бисмиллоҳ. Аллоҳумма ҷанибнаш-шайтона ва ҷаннибиш-шайтона мо разақтано».

Тарҷума: «Ба номи Худо. Худовандо! Моро аз шайтон дур кун ва шайтонро аз он чи насиби мо мекунӣ, дур нигоҳ дор».

2018-12-07
45451
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

12.10.2026

Подробнее
Фаджр05:02
Зухр12:40
Аср16:07
Магриб18:01
Иша19:31