Савол № 01949
Дар шаби аввали хонадоршавӣ кадом дуо ё сураро хондан лозим аст?
Савол:
Дар шаби аввали хонадоршавӣ кадом дуо ё сураро хондан лозим аст?
Саволдиҳанда: Фирдавс
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар шаби аввали хонадоршавӣ мустаҳаб аст, ки домод дасти росташро дар пешонии ҳамсараш монда, сипас ин дуоро бихонад:
اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ خَيْرَهَا وَخَيْرَ مَا جَبَلْتَهَا عَلَيْهِ ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّهَا وَمِنْ شَرِّ مَا جَبَلْتَهَا عَلَيْهِ.
«Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳо ва хайра мо ҷабалтаҳо ъалайҳи ва аъузу бика мин шарриҳо ва шарри мо ҷабалтаҳо ъалайҳи».
Тарҷума: «Худовандо! Ман аз Ту хубии ин занро мехоҳам ва хубии он чи ўро бар он сириштаӣ ва аз бадии ў ва бадии он чи ўро бар он сариштаӣ, ба Ту паноҳ мебарам».
Инчунин суннат аст, ки пеш аз наздик шудан ба ҳамсари худ ин дуоро бихонад:
بِسْمِ اللَّهِ، اللَّهُمَّ جَنِّبْنَا الشَّيْطَانَ، وَجَنِّبِ الشَّيْطَانَ مَا رَزَقْتَنَا.
«Бисмиллоҳ. Аллоҳумма ҷанибнаш-шайтона ва ҷаннибиш-шайтона мо разақтано».
Тарҷума: «Ба номи Худо. Худовандо! Моро аз шайтон дур кун ва шайтонро аз он чи насиби мо мекунӣ, дур нигоҳ дор».