Вопрос № 02012

Ман 18-сола будам, ки як бачаро дўст доштам. Ў баъд аз наздик шинос шудан пешниҳод кард, ки барои шариатӣ кардани муносибатамон бояд никоҳ кунем...

Вопрос:

Ассалому алайкум. Ман 18-сола будам, ки як бачаро дўст доштам. Ў баъд аз наздик шинос шудан пешниҳод кард, ки барои шариатӣ кардани муносибатамон бояд никоҳ кунем. Шартҳои никоҳу маҳру талоқро фаҳмонда аз ман пурсид, ки “занаш мешавам ё на”. Ман “ҳа” гуфтам. Гуфт, ки “тамом, ҳарду дар никоҳем”. Мо ягон шоҳид надоштем ва то имрўз фақат шаш-ҳафт нафар дўстонамон аз ин огоҳанд. Оё ин никоҳи мо дуруст аст ё на?

Саволдиҳанда: Нигора

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, никоҳи шумо фосид аст, чунки аз нигоҳи шариати Ислом никоҳ бидуни шоҳидон эътибор надорад. Барои дуруст шудани никоҳ ҳузури шоҳидон зарурӣ ва ҳатмӣ аст. Набояд фаромўш кард, ки никоҳ кори бозӣ нест, барои бобаракат шудани никоҳ ризояти волидон ва дуои хайри онҳо лозим аст. Барои огоҳии бештар оиди ин масъала шумо ҳатман китоби “Аниси занони покдоман”-ро мутолиа намоед.

2019-03-06
4032
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38