Вопрос № 02189

Дар вақти бо зану фарзандон намози ҷамоат гузоридан дар хона чигуна ният бояд кард?,,,

Вопрос:

Ассалому алайкум. 1. Дар вақти бо зану фарзандон намози ҷамоат гузоридан дар хона чигуна ният бояд кард? Яъне дар саффи намоз зан ҳам ҳаст. 2. Дар ракъати сеюми намози витри воҷиб баъд аз сураи Фотиҳаву Ихлос такбир гуфта дастҳоро якбора ба гўш бояд бурд ё аввал ба қад рост карда сипас баланд кард?

Саволдиҳанда: Файзуллоҳ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар ҳолати баргузор кардани ҷамоат бо аҳли хонавода монанди нияти намози танҳогузор ният карда мешавад, фақат ин ки муқтадиён ҷумлаи “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода”-ро низ мегўянд. Дар вақти саф бастан аввал мардон ва аз паси онҳо занон бояд биистанд. 2. Пас аз такбири қунут дастҳоро якбора ба сўи гўш бояд бардошт, аввал фуруд овардан ва сипас бардоштани дастҳо дар такбири қунут қавли саҳеҳ нест.

2019-06-03
3213
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38