Вопрос № 00291

Мехостам фаҳмам, ки фарқи сӯфиён аз дигар мусалмонон дар чист?

Вопрос:

Мехостам фаҳмам, ки фарқи сӯфиён аз дигар мусалмонон дар чист?

Саволдиҳанда:Рамазон

 


 

Ответ:

Мусалмон ва сӯфӣҳар ду аз нигоҳи бовар ва эътиқод як ҳастанд. Асли маъхази сӯфӣ дар ривояти ҳазрати Анас (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (с) даъвати ғуломро ҳам иҷобат мекарданд, бар хар савор мешуданд ва сӯф мепӯшиданд. Ба ҳамин хотир гуфтаанд: “Сӯфӣ аз лафзи “сӯф” гирифта шудааст, ки ин гурӯҳ дар замони аввал аксар пашмина мепӯшиданд ва онро нек медонистанд”. Чунончи Ҳазрамӣ (рҳ) фармудааст: “Суфӣ он аст, ки ботини худро аз кудурати ғайри Аллоҳ поку соф кунад ва аз ашёи мухолифи шаръ бипарҳезад” (“Хулосатут-тасаввуф”, с.8-9)


 

2016-02-04
4544
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.02.2025

Подробнее
Фаджр05:31
Зухр12:40
Аср16:23
Магриб18:22
Иша19:52