Вопрос № 03019
Ман мехостам пурсам, ки ҳангоми ғусл намудан пас аз ҳамхобагӣ бо ҳамсар сарро масҳ кашӣ, ғусл ба ҷо меояд ё не?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Ман мехостам пурсам, ки ҳангоми ғусл намудан пас аз ҳамхобагӣ бо ҳамсар сарро масҳ кашӣ, ғусл ба ҷо меояд ё не?
Шарифҷон.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоњ. Бародари азиз, марде, ки бо ҳамсараш ҳамхоба мешавад, ғусл воҷиб мешавад. Тариқаи ғусл ҳамин аст, ки аввал вузў мегирад, баъдан боқӣ аъзоҳояшро мешўяд, дар охир пойҳояшро мешўяд. Сарро куллан шустан лозим аст, бо танҳо масҳ кашидан ғусл ба ҷо намеояд. Магар ҷароҳате дошта бошад ё беморие, ки об зарар кунад, танҳо дар ҳолати узрнок масҳ мекашад.