Савол № 03019

Ман мехостам пурсам, ки ҳангоми ғусл намудан пас аз ҳамхобагӣ бо ҳамсар сарро масҳ кашӣ, ғусл ба ҷо меояд ё не?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман мехостам пурсам, ки ҳангоми ғусл намудан пас аз ҳамхобагӣ бо ҳамсар сарро масҳ кашӣ, ғусл ба ҷо меояд ё не?

Шарифҷон.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоњ. Бародари  азиз, марде, ки бо ҳамсараш ҳамхоба мешавад, ғусл воҷиб мешавад. Тариқаи ғусл ҳамин аст, ки аввал вузў мегирад, баъдан боқӣ аъзоҳояшро мешўяд, дар охир пойҳояшро мешўяд. Сарро куллан шустан лозим аст, бо танҳо масҳ кашидан ғусл ба ҷо намеояд. Магар ҷароҳате дошта бошад ё беморие, ки об зарар кунад, танҳо дар ҳолати узрнок масҳ мекашад.

2025-02-04
151
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:32
Пешин12:40
Аср16:22
Шом18:21
Хуфтан19:51