Вопрос № 00035

Аз ҷониби Худованд чанд китоб фиристода шудааст?

Вопрос:

Аз ҷониби Худованд чанд китоб ба пайғамбарон фиристода шудааст? Абдураззоқ, аз н. Ваҳдат.

Саволдиҳанда:Абдураззоқ

Ответ:

Худованд (ҷ) ба баъзе аз пайғамбарони худ китоб ва саҳифаҳо нозил кардааст, то амру наҳй ва ҳикмату иродаашро ба бандагонаш расонад. Теъдоди мушаххаси ин китобҳоро фақат Худованд медонад. Аз миёни китобҳои осмонӣ чаҳор китоб ва сад саҳифа маълум аст, ки ба воситаи Ҷабраил (а) ба пайғамбарон фиристода шудааст. Даҳ саҳифа ба Одам (а), панҷоҳ саҳифа ба Шис (а), сӣ саҳифа ба Идрис (а), даҳ саҳифа ба Иброҳим (а) фиристода шудааст, ки ҷамъан сад саҳифаро дарбар мегирад. Китобҳое, ки ба баъзе пайғамбарон фиристода шудааст, инҳоянд: Таврот ба Мўсо (а), Забур ба Довуд (а), Инҷил ба Исо (а) ва Қуръони карим ба Муҳаммад (с) нозил шудааст. Бо нузули Қуръон ҳукмҳои се китоби қаблӣ бардошта шуд. Қуръони карим то рўзи қиёмат дар зери ҳимояи Худованд аст ва таѓйир нахоҳад ёфт.

2015-02-17
5318
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43