Вопрос № 00004

Хӯрдан ва нӯшидан аз зарфи тиллоӣ ва нуқрагин ва пӯшидани либоси абрешимӣ аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ чӣ ҳукм дорад?

Вопрос:

Хӯрдан ва нӯшидан аз зарфи тиллоӣ ва нуқрагин ва пӯшидани либоси абрешимӣ аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ чӣ ҳукм дорад?

Ответ:

Дини Ислом хӯрдан ва нӯшидан аз зарфҳои тиллоӣ ва нуқрагинро барои марду зан ҳаром қарор додааст. Дар ин хусус Ҳузайфа чунин ривоят кардааст: «Пайғамбар (с) моро наҳй кард, ки дар зарфҳои тиллоӣ ва нуқрагин об бинӯшем ва ё ғизо бихӯрем ва ё либоси абрешим ва зебо бипӯшем ва ё бар он бинишинем». Пайғамбар (с) фармуд: «Инҳо дар дунё барои кофирон аст ва дар қиёмат барои моаст». (Ривояти Бухорӣ). Пас маълум шуд, ки қолине ки аз абрешим сохта шуда бошад, истифодаи он ҳаром аст. Аммо зинат додани занон бо тилло ва либоси абрешим манъ нест, чунонки аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) як пора абрешимро дар дасти рост ва як пора тиллоро дар дасти чапаш гирифта фармуд: «Ин ду бар мардони уммати ман ҳаром аст». (Ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд)

2015-01-21
4060
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38