Вопрос № 00444

Ассалому алайкум. Дар моҳи шарифи Рамазон оё мумкин аст, ки ҳангоми гарм шудани бадан оббозӣ кунем? Дар ҳаммом, дарё, обанбор (бассейн) ва ғайра мумкин аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Дар моҳи шарифи Рамазон оё мумкин аст, ки ҳангоми гарм шудани бадан оббозӣ кунем? Дар ҳаммом, дарё, обанбор (бассейн) ва ғайра мумкин аст? 

Саволдиҳанда:Олим. 

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Дар ҳолати рӯза оббозӣ кардан дар ҳаммом ё наҳр ва ё обанбор рӯзаро намешиканад, аммо бояд эҳтиёт намуд, ки об дар даҳону бинӣ дохил нашавад. Дар китоби «Ал-Фиқҳул-исломийю ва адиллатуҳу», ҷ. 3, с. 1710 -11 дар мавриди чизҳое, ки рӯзаро намешикананд, овардааст: «Ҳафтум: ғусл кардан ё шиноварӣ, печонидани либоси тар дар бадан барои дур намудани ҳарорат». Аз ин далел бармеояд, ки ғусл намудан ё оббозӣ кардан рӯзаро намешиканад, вале эҳтиёт кардан дар ин маврид беҳтар аст.

2016-06-11
4247
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43