Вопрос № 00496
Бархе аз мардум мегӯянд, ки фитри рӯзаро ҳатман ба домуллое, ки аз пасаш намоз мегузорӣ, бояд дод. То чӣ андоза ин дуруст аст?
Вопрос:
Бархе аз мардум мегӯянд, ки фитри рӯзаро ҳатман ба домуллое, ки аз пасаш намоз мегузорӣ, бояд дод. То чӣ андоза ин дуруст аст?
Саволдиҳанда:Карим.
Ответ:
Ассалому алайкум. Фитри рӯза ба ашхоси фақиру мискин ва он нафароне, ки Худованд дар ояти 60-уми сураи “Тавба” зикр кардааст, дода мешавад. Агар домуллои шумо аз ҷумлаи ин гуна ашхос бошад, пас додани фитри рӯза ба ӯ боке надорад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 34-35).