Савол № 00496

Бархе аз мардум мегӯянд, ки фитри рӯзаро ҳатман ба домуллое, ки аз пасаш намоз мегузорӣ, бояд дод. То чӣ андоза ин дуруст аст?

Савол:

Бархе аз мардум мегӯянд, ки фитри рӯзаро ҳатман ба домуллое, ки аз пасаш намоз мегузорӣ, бояд дод. То чӣ андоза ин дуруст аст?

Саволдиҳанда:Карим.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Фитри рӯза ба ашхоси фақиру мискин ва он нафароне, ки Худованд дар ояти 60-уми сураи “Тавба” зикр кардааст, дода мешавад. Агар домуллои шумо аз ҷумлаи ин гуна ашхос бошад, пас додани фитри рӯза ба ӯ боке надорад.  (“Мухтасарул-виқоя”, с. 34-35).

2016-06-27
3705
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:57
Пешин12:40
Аср15:39
Шом17:40
Хуфтан19:10