Вопрос № 00697

Домуллои гиромиқадр, мегуфтед, ки мӯйи қафаси сина ва зери синаро тарошидан ё чидан ба мардон дар Ислом ҷоиз аст ё не?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои гиромиқадр, мегуфтед, ки мӯйи қафаси сина ва зери синаро тарошидан ё чидан ба мардон дар Ислом ҷоиз аст ё не? 

Саволдиҳанда:Абдуҳамид.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, мӯйҳои қафаси сина ва ҳар ҷойи бадан, ки шуморо нороҳат мекунад ё ин ки ба ҳамсари шумо писанд нест, метавонед он мӯйҳоро пок созед, фарқ намекунад, ки онро метарошед ё ба дигар мавод он ҷоро тоза менамоед. Чунки аз дидгоҳи дини мубини Ислом гузоштани мӯйи бадан на воҷиб асту на суннат. Худованд боз ҳам муҳаббати шуморо нисбат ба дин зиёда гардонад.

2016-12-01
3389
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

15.01.2025

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:34
Магриб17:32
Иша19:02