Савол № 00697

Домуллои гиромиқадр, мегуфтед, ки мӯйи қафаси сина ва зери синаро тарошидан ё чидан ба мардон дар Ислом ҷоиз аст ё не?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои гиромиқадр, мегуфтед, ки мӯйи қафаси сина ва зери синаро тарошидан ё чидан ба мардон дар Ислом ҷоиз аст ё не?

Саволдиҳанда:Абдуҳамид.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, мӯйҳои қафаси сина ва ҳар ҷойи бадан, ки шуморо нороҳат мекунад ё ин ки ба ҳамсари шумо писанд нест, метавонед он мӯйҳоро пок созед, фарқ намекунад, ки онро метарошед ё ба дигар мавод он ҷоро тоза менамоед. Чунки аз дидгоҳи дини мубини Ислом гузоштани мӯйи бадан на воҷиб асту на суннат. Худованд боз ҳам муҳаббати шуморо нисбат ба дин зиёда гардонад.

2016-12-01
3570
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср18:00
Шом20:01
Хуфтан21:31