Вопрос № 00763

Оё ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат ба дигар паёмбарон бартар аст? Ҷойгоҳаш дар назди Худованд бо бақия паёмбарон баробар аст? Зеро ақида дорам, ки бартар аст, вале дурусташро аз шумо фаҳмидан мехоҳам. Раҳмати бисёр!

Вопрос:

Ассалому алайкум домулло. Оё ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат ба дигар паёмбарон бартар аст? Ҷойгоҳаш дар назди Худованд бо бақия паёмбарон баробар аст? Зеро ақида дорам, ки бартар аст, вале дурусташро аз шумо фаҳмидан мехоҳам. Раҳмати бисёр!

Саволдиҳанда:Ҳаким.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, паёмбарон беҳтарин офаридаҳои Худованд ҳастанд, ки барои расонидани паёмҳои илоҳӣ мабъус шудаанд. Паёмбари мо Муҳаммади Мустафо (с) беҳтарини паёмбарон буда, аз онҳо бо панҷ сифати ҷудогона фарқ доранд: 1. Аз ҳама паёмбарон афзал ва бартар аст. 2. Ба сӯи тамоми инсу ҷин фиристода шудааст. 3. Хотами анбиёст, яъне охирин паёмбар аст, ки пас аз ӯ дигар паёмбаре намеояд. 4. Раҳмате барои оламиён аст. 5. Шариати ӯ то қиёмат давом хоҳад кард.

2016-12-30
4459
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.02.2025

Подробнее
Фаджр05:31
Зухр12:40
Аср16:23
Магриб18:22
Иша19:52