Савол № 00763

Оё ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат ба дигар паёмбарон бартар аст? Ҷойгоҳаш дар назди Худованд бо бақия паёмбарон баробар аст? Зеро ақида дорам, ки бартар аст, вале дурусташро аз шумо фаҳмидан мехоҳам. Раҳмати бисёр!

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Оё ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат ба дигар паёмбарон бартар аст? Ҷойгоҳаш дар назди Худованд бо бақия паёмбарон баробар аст? Зеро ақида дорам, ки бартар аст, вале дурусташро аз шумо фаҳмидан мехоҳам. Раҳмати бисёр!

Саволдиҳанда:Ҳаким.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, паёмбарон беҳтарин офаридаҳои Худованд ҳастанд, ки барои расонидани паёмҳои илоҳӣ мабъус шудаанд. Паёмбари мо Муҳаммади Мустафо (с) беҳтарини паёмбарон буда, аз онҳо бо панҷ сифати ҷудогона фарқ доранд: 1. Аз ҳама паёмбарон афзал ва бартар аст. 2. Ба сӯи тамоми инсу ҷин фиристода шудааст. 3. Хотами анбиёст, яъне охирин паёмбар аст, ки пас аз ӯ дигар паёмбаре намеояд. 4. Раҳмате барои оламиён аст. 5. Шариати ӯ то қиёмат давом хоҳад кард.

2016-12-30
4379
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42