Вопрос № 00815

Қуръони электронии дар телефонбударо бе таҳорат хондан дуруст аст ё на?Маънои Қаландар чист? Ин ном исломӣ аст ё на?

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои азиз, ду суол дорам. 1. Қуръони электронии дар телефонбударо бе таҳорат хондан дуруст аст ё на? 2. Маънои Қаландар чист? Ин ном исломӣ аст ё на?

Саволдиҳанда: Қаландар.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, истифодаи нусхаи электронии Қуръони карим аз телефон бидуни ҳеҷ монеае дуруст аст. Маънои номи Қаландар дар китоби “Ғиёс-ул-луғот” чунин баён шудааст: “Қаландар дар асл каландар буд, ба маънии кундаи нотарошида, ки дар паси дар андозанд, то зуд кушода нагардад. Ба сабаби тағйири забонҳо қаландар (бо қоф) шудааст”. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ин калима ба маънои дарвеши оворагард ва марди муҷарради аз дунё дасткашида шарҳ дода шудааст. Минбаъд ин калима ҳамчун ном пазируфта шуда, роиҷ мегардад ва мавриди истеъмол қарор мегирад. Азбаски маънои он ба усули шариат мухолиф нест, пас истифодаи он дуруст аст ва ҳеҷ ишколе надорад, аммо номҳое, ки мазмуни беҳтару хубтар дошта бошад, гузоштанаш беҳтар аст. 

2017-01-25
5384
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43