Вопрос № 00825

Домуллои гиромӣ, вақте ки наздиконам кори хаторо мекунанд, ман мегӯям, ки накун, хато аст ва зарар дорад. Аммо ӯ хуб мегӯяд ва боз аз паси кори худ мешавад. Ман борҳо огоҳ кардам, пас аз он дигар кордор нашудам. Оё ман гунаҳгор мешавам?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Домуллои гиромӣ, вақте ки наздиконам кори хаторо мекунанд, ман мегӯям, ки накун, хато аст ва зарар дорад. Аммо ӯ хуб мегӯяд ва боз аз паси кори худ мешавад. Ман борҳо огоҳ кардам, пас аз он дигар кордор нашудам. Оё ман гунаҳгор мешавам?

Саволдиҳанда: Абдулҳамид.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар он фарде, ки амали бад мекунад, аз наздикони шумо бошад ё ин ки шумо болои вай қудрат ва масъулият доред, пас дар ин ҳолат шумо мукаллаф ҳастед, ки ӯро аз ин амали бад манъ кунед. Агар пас аз манъ кардани шумо аз он амали бад даст накашид, дар ин сурат шумо гунаҳгор намешавед, зеро масъулияти худро адо кардаед. Вале бояд саъйу кӯшиш намоед, ки бо равиши неку писандида ӯро панду насиҳат намуда, ба сӯи ахлоқи ҳамида раҳнамун кунед. Худованд ҳамаи моро ба роҳи рост ва ахлоқи неку ҳидоят фармояд.

2017-01-28
3598
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

07.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:26
Магриб17:23
Иша18:53