Вопрос № 00923
Мегӯянд, ки рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе либос шустан дуруст нест. Падарам бошад, ин дунёро тарк кардааст.
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Мегӯянд, ки рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе либос шустан дуруст нест. Падарам бошад, ин дунёро тарк кардааст. Илтимос барои ман шарҳ медодед, домуллои азиз.
Саволдиҳанда: Наврӯз
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат покизагӣ нисфи имон ба шумор меравад, аз ин рӯ пок кардани либос аз олудагиҳо рӯзи махсус надорад, ҳар вақте ва ҳар рӯзе хоҳад, либосашро шуста метавонад. Фавти инсон ба шустани либос ҳеҷ рабте надорад, он чи дар миёни мардум шуҳрат дорад, хурофоте беш нест. Худованд падари шуморо раҳмату мағфират кунад.