Савол № 00923

Мегӯянд, ки рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе либос шустан дуруст нест. Падарам бошад, ин дунёро тарк кардааст.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Мегӯянд, ки рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе либос шустан дуруст нест. Падарам бошад, ин дунёро тарк кардааст. Илтимос барои ман шарҳ медодед, домуллои азиз.

Саволдиҳанда: Наврӯз

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат покизагӣ нисфи имон ба шумор меравад, аз ин рӯ пок кардани либос аз олудагиҳо рӯзи махсус надорад, ҳар вақте ва ҳар рӯзе хоҳад, либосашро шуста метавонад. Фавти инсон ба шустани либос ҳеҷ рабте надорад, он чи дар миёни мардум шуҳрат дорад, хурофоте беш нест.   Худованд падари шуморо раҳмату мағфират кунад.

2017-03-04
2958
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38