Вопросы и ответы
01937:
Ҳар гоҳе рўзона хоб кунам, ба ман ҳодисае рух медиҳад, карахт мешавам ва тамоман ҳаракат карда наметавонам, нафасам мегирад ва ҳар гуна овозҳо ба гўшам меояд. Агар чашмонамро ҳам кушоям, ҳамин ҳолат аст ва сахт меларзам, лекин ҳушам барҷост. “Оятул-Курсӣ”-ро мехонам, баъд аз чанд лаҳза ба худ меоям.
Рубрики:
Другие рубрики01934:
Лутфан масъалаи ба халқияҳо келин надодани эшонҳо ё худ сайидзодаҳоро муфассал шарҳ диҳед. Ин анъана аз куҷуо сарчашма мегирад ва то куҷо ҷоиз аст? Зеро дар бештар маврид духтарони онҳо пир мешаванду ба мардуми омма келин намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки худ аз дигарон келин мегиранд.
Рубрики:
Другие рубрики01930:
Ҳамсари ман як бор бо тариқи телефон бо як писар гап мезад, ўро қапидам ва аз гунохаш гузаштам. Бо вуҷуди ин баъди чанд сол боз корашро кард. Тариқи телефон бо дигар писар гап задашро қапидам ва дар сари қахр «ҳазору як талоқ» гуфтам. Ман соҳиби се фарзандам, ғами ҳамин фарзандҳоямро мехўрам. Ягон ривоят бошад, ки аз сар никоҳ карда зиндагӣ кунам?
Рубрики:
Семья