Главная Библиотека Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ
Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ

Маркази Исломии ҶТ

Таълими Ислом бар асоси фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ

Пурсиши 156:  «Тавҳид» чист?

Посух: Эътироф‌ кардан‌ бо‌ забон‌ ба‌ ягонагии‌ Худованд ва бовар доштан‌ бо қалб‌ ба‌ яктоии‌ Ӯ.

Пурсиши ‌157: Мо чӣ гуна‌ бидонем‌, ки‌ Аллоҳ ягона‌ ва мавҷуд аст?

Посух: 1. Касоне,‌ ки‌ ақл‌и комил‌ ва фитрати‌ солим‌ дошта‌ бошанд, бовар ва яқин‌ мекунанд, ки‌ Аллоҳ якто ва мавҷуд аст, чунонки‌ ҳама‌ донишмандони‌ воқеии‌ ҷаҳон‌ ба‌ ягонагии Ӯ бовар доштаанд.

2. Тамоми паёмбароне,‌ ки‌ Худованд барои‌ ҳидоят‌ ва роҳнамоии‌ башар фиристода‌аст, ба‌ ягонагии‌ Ӯ даъват‌ намуда‌, эълом‌ доштаанд, ки Аллоҳ яке‌ аст‌ ва шарику‌ ҳамтое‌ надорад.

Пурсиши ‌158: Оё Қуръони маҷид ба‌ тавҳид ва ягонагии Аллоҳ даъват‌ намудааст?

Посух: Оре, дар Қуръон ба таври комилу возеҳ‌ дар бораи тавҳид баҳс‌ шудааст ва бо далелҳои‌ қотеъу‌ равшан ягонагии‌ Худованд исбот‌ гардида‌аст. Қуръон‌ дар ҷаҳон ягона‌ китобе аст,‌ ки‌ тавҳиди холис‌ро ба‌ мо ме‌омӯзад. Гарчи‌ дар китобҳои‌ осмонии‌ пешин‌ аз тавҳид ҳам‌ суҳбат‌ шудааст,‌ вале‌ пайравони‌ мазоҳиб‌и пешин‌ дар онҳо таҳриф‌ ворид карда, суханони‌ ҳақро тағйир додаанд ва тавҳидро бо масоили хурофӣ‌ ва ақидаҳои‌ ботил‌ дар ҳам‌ омехта‌анд. Худованд барои‌ роҳнамоии‌ башарият бандаи хосси‌ худ - Ҳазрати‌ Муҳаммад (с)-ро баргузида, ба‌ унвони‌ паёмбар мабъус‌ фармуд ва китоб‌и хосси‌ худ - Қуръонро бар вай‌ нозил‌ карда, ба‌ ӯ дастур дод, то тавҳиди воқеӣ‌ ва холисро ба‌ гӯши‌ ҳама‌ ҷаҳониён‌ бирасонад ва ононро ба‌ сӯи‌ Парвардигори ягона фаро хонад. 

Другие книги

ЧИҲИЛ ҲАДИСИ МАККӢ
ЧИҲИЛ ҲАДИСИ МАККӢ

Қурбонов Абдулвадуд

23875
МУСНАДИ ИМОМ АБӮҲАНИФА
МУСНАДИ ИМОМ АБӮҲАНИФА

Саидмукаррам Абдуқодирзода

24787
Нақши дуо дар зиндагии инсон
Нақши дуо дар зиндагии инсон

Муҳаммадфаррухи Абдуллоҳзода

24737
Зиндагиномаи Паёмбар (с)
Зиндагиномаи Паёмбар (с)

Муҳаммад Алии Холидӣ

25528
ФИҚҲИ АКБАР
ФИҚҲИ АКБАР

Маркази Исломии ҶТ

30049
Время намаза в Душанбе

01.05.2026

Подробнее
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди сайиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди сайиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее