Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
Пешгуфтор
Ҳаҷ маҷмӯае аз амалҳои ибодатист, занҷираест нисбатан тӯлонӣ ва аз ҳалқаҳои ба ҳам пайвастаи аъмолӣ ташкил шуда, ки ҳар кадом бояд дар вақти худ ба шакли муносиб иҷро шавад ва агар як ҳалқа, дар ҷои худ устувор нашаваду як амал ба дурустӣ иҷро нашавад, ин занҷир аз ҳам ҷудо ва гусаста мешавад ва ранҷу заҳмати ҳоҷӣ беҳосил мемонад.
Ҳоҷиёне, ки аз кишварҳои дуру наздик ба ҳаҷ ба сарзамини ваҳй, сарзамини нузули малоик ва нузули Қуръону қадамгоҳи Паёмбарон шарафёб мешаванд, отифаашон таҳрик хоҳад шуда ва зуд ба ҳақ мерасанд, модоме ки сарпарасти ҳоҷиён ва зоирини хонаи Худо олимон ва соҳибдилоне бошанд, ки мафҳум, ҳикмат ва сирру асрори ҳаҷро ба ҳоҷиён ва меҳмонони хони Худо гуфта дода тавонанд. Бисёрии ҳоҷиён тайёранд, ки дар ин сафари бузургу тағйирдиҳандаи руҳу равон аз гуноҳон ва аъмоли зишти гузаштаи худ ба даргоҳи Худои таоло бо ихлоси том тавбаву омурзиш намуда аз ҳаҷ ба монанди тифли навзод бегуноҳ ба ватанашон баргарданд.