Азалшоҳи Шарифзода

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азалшоҳи Шарифзода

Шарифзода Азалшоҳи Баҳром - узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарифзода Азалшоҳи Баҳром 7-уми июли соли 1975 дар деҳаи Тӯдаи ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1992 мактаби миёнаи № 6-и ба номи Ҳабибулло Назаровро хатм намудааст. Соли 1993 ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ дохил шуда, соли 1998 онро бо ихтисоси «Мударриси улуми исломӣ ва арабӣ» ба итмом мерасонад. Ҳамчунин соли 2007 Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва комуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Системаҳои иттилоотӣ» хатм мекунад.

Аз соли 2008 то соли 2012 дар бахши ғоибонаи аспирантураи Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳсил намуда, онро ба итмом мерасонад. Аз соли 2010 инҷониб сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор шуда кор мекунад.

Муаллифи китобҳои «Таҳриф ва ҷавози насх дар кутуби самовӣ», «Қуръон - китоби ҳидоят», «Калом ва мактаби эътиқодии Имом Абӯҳанифа», «Тӯда бо тӯдае аз пайравони Имоми Аъзам» ва чандин мақолаҳои илмӣ мебошад.

Аз соли 2012 то кунун узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст. 

Другие

Саидмукаррам  Абдуқодирзода
Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳусайн Мўсозода
Ҳусайн Мўсозода

Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулбасир Саидзода
Абдулбасир Саидзода

Муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Хомӯшов
Ҷамолиддин Хомӯшов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

21.12.2024

Подробнее
Фаджр06:01
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее