Главная Новости Фатвои Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 2015 Дар бораи равияи Салафия

Фатвои Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 2015 Дар бораи равияи Салафия

Фатвои Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми ноябри соли 2015 Дар бораи равияи Салафия
2015-11-25
5982

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Сипосу ҳамди бепоён ба Худованди яктову бениёз ва ниҳоят меҳрубон, ки раҳмати Ӯ ҳама ашёро фаро гирифтааст. Ва дуруду салавот ба пешвои мо-Паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам.

Имрӯз дар ҷаҳон гурӯҳ, ҳаракат ва равияҳои нав пайдо шуда, худро ҳимоятгари дини мубини Ислом муаррифӣ менамоянд, вале дар асл зери ниқоби дин амалҳои зишту зиддиисломӣ ва зиддиинсонии худро амалӣ месозанд. Равияи “Салафия” аз қабили чунин гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро буда, бо истифода аз муқаддасоти Ислом ва эҳсосоти мусулмонони дунё нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ мегардонад.

Пайравони Салафия дар масҷиду маҳфилҳо корҳои таблиғотӣ бурда, мазҳаби моро таҳқир ва пайравони онро бидъаткор мехонанд, бо уламои суннатӣ баҳсҳо доир намуда, кӯшиш мекунанд дар байни мардум афзалият ва бартарии равияи Салафияро тарғиб кунанд. Баъзе ҷавонони зудбовар ва аз таълимоти мазҳабӣ бехабар, ба даъвату гуфтори “салафиён” бовар карда, ғолибан кӯр-кӯрона ба онҳо тақлид мекунанд. Дар натиҷа чандин гурӯҳҳое ташкил шуданд, ки дар ибодат, тарзи либоспӯшӣ, одобу рафтор аз мусулмонони ҳанафимазҳаб фарқ мекунанд. Чунин гурӯҳҳо дар муомила бо мардум дуруштхӯ буда, дар масҷидҳо намоишкорона суннат намехонанд. Ба қавли  пешвоёни Салафия  дар таълимоти аҳли  тасаввуф ва  мазҳаби ҳанафӣ зиддиятҳои  зиёде ба шариати  исломӣ вуҷуд  доранд. Аз  ҷумла, салафиён зидди  ҳама гуна дуо ва арҷгузорӣ ба бузургон ва пешвоёни Ислом -  орифон,   шайхҳо ва  авлиё  мебошанд. Ба ақидаи  онҳо ин  гуна  муносибат  инҳироф аз тавҳид мебошад. Онҳо  ба зоҳири  оятҳо ва ҳадисҳо такя намуда, зидди ҳама гуна  дониши  ботинӣ ҳастанд ва имконоти мавҷудияти маърифати шуҳудӣ ва  илҳомро рад менамоянд.

Куштор, ғоратгарӣ, одамсӯзӣ ва тамоми даҳшати Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон натиҷаи фаъолияти Салафия аст. Маҳз Салафия бо тарғиби бемазҳабӣ, такфири мусулмонон, ҷорӣ намудани ақидаи тундрав чандин кишварҳои ободу оромро ба вартаи ҷанг кашида, имрӯз мехоҳад дар Тоҷикистон низ ҳамин равияро ҷорӣ созад. Салафия дар ҳар давру замон шаклашро иваз намуда, мехоҳад худро дар байни мардум ҷой кунад, фардо алайҳи давлату ҳукумат қиём намояд ва мардумро бо шиорҳои сохтаи дурӯғини исломӣ барангезад.

Масалан, аъзоёни ДИИШ пурра пайрави Салафия буда, қариб буд, Сурияву Ироқро аз байн баранд, зеро дар ақидаи салафия мафҳумҳои ватан, миллат, урфу одат, қиёсу истеҳсон вуҷуд надорад. Салафия падидаест, ки аз дини мубини Ислом истифода бурда, миллатҳоро несту нобуд ва давлатҳоро ба фано мебарад.

Маҳз тарғиби ақидаи Салафия сабабгори рехтани хуни ноҳақ дар ақсои олам гашт. Ин буд, ки мардуми ҷаҳон дини мубини Исломро ҳамчун дини ҷангҷӯ ва хунхор мешиносанд. Натиҷаи роҳандозии ақидаи Салафия буд, ки ҷангиёни ДИИШ ҳавопаймои Русияро тарконида, мудҳиштар аз ҳама ба пойтахти Фаронса шаҳри Париж ҳуҷум намуданд, ки дар натиҷаи “ҷиҳод”-и салафиён садҳо нафар мардуми бегуноҳ кушта шуда, муқовимати олами ғарб ба мусулмонон бештар ва шадидтар гашт. Бинобар ин Салафия дар асл душмани ашаддии дини мубини Ислом буда, тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад, то ин дини сулҳҷӯ ва адолатпарвар аз рӯи замин маҳв гардад.

Тарғиби ақидаи Салафия буд, ки имрӯз садҳо ҷавонони гумроҳ, нодон ва зудбовари тоҷик дар Сурияву Ироқ ба мусулмонкушӣ даст зада, гумон мекунанд, ки онҳо дар роҳи ҳаққанд.

Агар мо имрӯз ғаразҳои ин равияи тундравро ба мардум нарасонем ва пеши роҳи онҳоро нагирем, фардо дер мешавад ва он гоҳ дигар касе ба доди мо намерасад.

Салафиҳои такфирӣ дар кишварҳои исломӣ, монанди Миср, Алҷазоир, Тунис, Мағриб, Мавритания, Яман ва дигар минтақаҳо таҳти шиори Китоб ва Суннат ҳамаи мусулмонҳоеро, ки ба ақидаи онҳо мувофиқ нестанд, кофир ва мушрик эълон намуда, куштани онҳоро авло медонанд.

Салафиҳои хавориҷ дар Тоҷикистон дунболаи ҳамонҳое ҳастанд, ки дар дигар кишварҳои исломӣ фаъолият мебаранд. Ин гурӯҳ миёни мусулмонон тафриқа эҷод карда, одамонеро, ки бо онҳо ҳамақида нестанд, мубтадиъу мушрик ва кофир эълон мекунанд.

Ҷавонони салафимаоби тоҷик, ки айни ҳол дар Сурияву Ироқ меҷанганд, вақте ба Тоҷикистон баргарданд, ҳатман ватани моро ноором мекунанд. Барояшон муҳим нест, ки киро мекушанд, модари тоҷик ё кӯдаки ширхорро? Дар камтарин муддат Тоҷикистонро ба Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон мубаддал мекунанд. Зеро натиҷаи таълимоти Салафия чунин аст. Бинобар ин фирефтаи дурӯғу сафсата набояд шуд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси далелҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ, амалҳои равияи “Салафия”-ро таҳлилу баррасӣ карда, чунин ФАТВО содир менамояд:

1. Ҳамаи амалҳои равияи “Салафия” хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, пайравӣ намудан аз ин равия тибқи далелҳои шаръӣ ҷоиз нест, зеро Салафия мардумро ба гумроҳӣ бурда боиси эҷоди фитна дар байни мусулмонон ва ноамнии кишвар мегардад.

2. Шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба ин равия ва пайравӣ аз он пайравӣ аз ҳавои нафс буда, боиси ривоҷи бемазҳабӣ дар кишвар мегардад, дар ҳоле ки аксарияти мардуми кишвар пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд.

3. Яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ, ки аксари мамолики исломӣ ба ҷангу ноамниҳои дохилӣ гирифторанд,  яке аз омилҳои асосӣ барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад.

4. Равияи Салафия дорои ақидаи террористӣ буда, дар натиҷаи паҳншавии равияи мазкур чандин кишварҳои ободу ором вайрону валангор гаштанд ва садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд.

5. Тарғиби ақидаи Салафия – тарғиби терроризм дар ақсои олам буда, сабаби бадном шудани дини мубини Ислом мебошад.

6. Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки бо пайравони Салафия муборизаи беамон бурда, ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд. Зеро мазҳаби аҷдодии мо 1300 сол инҷониб роиҷ буда, мазҳаби таҳаммулпазир ва инсондӯст мебошад. Ин мазҳабест, ки дар тӯли ҳазорсолаи охир аз ҷониби тамоми уламои кибор назарсанҷӣ шуда, ҳама бар бузургии Имоми Аъзам иттифоқ кардаанд.

7. Танҳо дар ҳоле, ки мо мусулмонони Тоҷикистон дар ақидаи худ устувор ва аз ҳар гуна фирқаву равияҳои навпайдо безор бошем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ва дар решакан намудани ақидаи салафия мубориза барем, метавонем дину мазҳаби худро ҳимоя намуда, Ватани худро аз зуҳуроти номатлуб ҳифз кунем ва дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ зиндагӣ намуда, озодона ибодати худро анҷом диҳем.  

19.11.2015

Другие новости

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее