ИЗҲОРОТИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон
Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳму шафқат ва эҳсон аст. Дар ин моҳи муборак ҳамватанони мо ба қадри тавони хеш талош менамоянд, ба корҳои хайру писандида даст бизананд. Аммо ҳар як инсони муъмин бояд бидонад, ки дар шариати исломӣ дилхоҳ амал, аз ҷумла хайру садақот тартибу низом ва одоби худро дорад.
Чунончи, рӯзҳои охир мушоҳида мешавад, ки баъзеҳо дар шаҳрҳо, ҳангоми фаро расидани вақти ифтор маводи ғизоӣ, хӯрок ва дигар садақоти худро дар сари роҳҳои калон ва зери чароғакҳои роҳнамо ба ронандагону дигар мусофирон пешниҳод менамоянд. Чунин амалҳо боиси зиёд шудани тамбашавӣ дар роҳҳо ва таъхири мусофирон мегардад. Дар ҳоле ки савоби ҳама гуна садақот ва хайрот дар он сурат бештар мешавад, ки ба ниёзмандон дода шавад.
Аз ин рӯ, аз ҳамватанони азиз хоҳиш менамоем, ки хайру садақоти худро тибқи талаботи шариати исломӣ бе риё ба мустаҳиққони садақа, яъне ятимону бенавоён ва ниёзмандону дармондагон пешниҳод намоянд.
Тавре дар ояти 60-уми сураи “Тавба” омадааст:
Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; [ва он] ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст.
Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Другие новости
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА -РАРСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ШАРТИ РУШДИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ”
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ- ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ,ОЗОДИҲОИ ЭЪТИҚОДӢ ВА РАСМУ ОЙИНҲОИ МИЛЛӢ»
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


