Home News ИЗҲОРОТИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
2026-03-03
75

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳму шафқат ва эҳсон аст. Дар ин моҳи муборак ҳамватанони мо ба қадри тавони хеш талош менамоянд, ба корҳои хайру писандида даст бизананд. Аммо ҳар як инсони муъмин бояд бидонад, ки дар шариати исломӣ дилхоҳ амал, аз ҷумла хайру садақот тартибу низом ва одоби худро дорад.

Чунончи, рӯзҳои охир мушоҳида мешавад, ки баъзеҳо дар шаҳрҳо, ҳангоми фаро расидани вақти ифтор маводи ғизоӣ, хӯрок ва дигар садақоти худро дар сари роҳҳои калон ва зери чароғакҳои роҳнамо ба ронандагону дигар мусофирон пешниҳод менамоянд. Чунин амалҳо боиси зиёд шудани тамбашавӣ дар роҳҳо ва таъхири мусофирон мегардад. Дар ҳоле ки савоби ҳама гуна садақот ва хайрот дар он сурат бештар мешавад, ки ба ниёзмандон дода шавад.

Аз ин рӯ, аз ҳамватанони азиз хоҳиш менамоем, ки хайру садақоти худро тибқи талаботи шариати исломӣ бе риё ба мустаҳиққони садақа, яъне ятимону бенавоён ва ниёзмандону дармондагон пешниҳод намоянд.

Тавре дар ояти 60-уми сураи “Тавба” омадааст:

Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; [ва он] ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст.

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

03.03.2026

More
Fajr05:27
Zuhr12:40
Asr16:22
Maghrib18:28
Isha19:52
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More