Главная Новости БАЁНИЯИ Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»

БАЁНИЯИ Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»

БАЁНИЯИ Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»
2015-12-16
5198

БАЁНИЯИ Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастгирии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро, ки ҳадафи он пойдорӣ ва устувории давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёр ва демократии Тоҷикистон бо роҳи арҷгузорӣ ба рисолати таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими беназири ҷамъиятию сиёсӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст, бо рӯҳияи баланду табъи болида, эҳсоси гарми шаҳрвандӣ ва ифтихор аз ин сарзамини амну осуда пазируфта, дар ин замина ҳама имом-хатибони масоҷид ва кулли муслимини кишварро даъват мекунад, ки онро чун санади волои ҳуқуқӣ ва фарогирандаи беҳтарин суннатҳои маънавии миллати куҳанбунёди тоҷик бипазиранд ва дар фаҳмонда додани муҳтавои он ба мардуми кишвар саҳм дошта бошанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти Тоҷикистон дар солҳои пуртаҳлукаи навадум, пешгирии парокандашавии миллат ва маҳви Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, баъдан сарҷамъ намудани афроди фирорӣ, ба по хезондани иқтисоду иҷтимоиёт, эҳёи хотираи таърихии миллат ва умуман афрӯхтани шуълаи умед дар дили ҳар сокини ин ватан ба фардои нек ва зиндагии шоиста, бе муболиға, хизмати фарзандона ба ҷо овардаанд. Номи нек ва рафтору аъмоли созанда, хиради худододии ин марди шариф дар ватансозию фароҳам овардани шароит барои пешрафти миллат воқеан намунаи ибрат ва ифтихори пиру барнои Тоҷикистон аст. Имрӯз дар ин сарзамин одамеро ёфтан маҳол аст, ки аз корномаи қаҳрамононаи ӯ огоҳ набошад, бо номи ӯ ифтихор накунад, орзуи суҳбату машварати ӯро надошта бошад.

Таърихи ин сарзамини аҷдодӣ номи неки фарзандонеро медонад, ки ҳар кадом рисолате барои бақои ватану миллат анҷом додаанд. Қиссаву достонҳои беҳтарин фарзандони ин марзу бум - Анӯшервону Бузургмеҳр, Низомулмулк, Исмоили Сомонию Абулфазли Балъамӣ ва даҳҳо дигарон то кунун вирди забонҳост, чунки ҳам тибқи муқарарроти маънавияти дунявӣ ва ҳам мувофиқи таълимоти дини мубини Ислом корҳои накӯ то абад номи инсонро накӯ нигоҳ медоранд ва яке аз рисолатҳои диниву дунявии ҳар фарди соҳибдил ҳамин аст, ки аз хеш номи нек ба ёдгор бигзорад.

Агар аз рӯи адолат иқрор шавем, хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дифоъ аз исломи пок аз онҳое, ки ном бурда шуд, заррае кам нест. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имону иродаи комил, бо ҳидоят ва кумаки Худованди таборак ва таъоло кишвареро наҷот дод, ки дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт, миллати парешонро ҷамъ намуд, дубора ба зиндагӣ умед бахшид. Корҳои баъдинаи ӯ намунаи волои давлатмардӣ, роҳбарии оқилонаву дурандешона ва раҳнамоӣ ба қуллаҳои мақсуди башарист.

Бояд таъкид кард, ки қонуни мазкур бо маънавиёти дини муҳаммадӣ ва рукнҳои муҳими ахлоқи исломӣ комилан мувофиқ аст. Худованди Ғолиби Боҳикмат дар марҳилае ин марди накӯномро ба арсаи сиёсат овард, ки миллат дар остонаи фано буд. Ба қавли Саъдии бузургвор:

Ба халқе, ки некӣ писандад Худой,

Диҳад хусраве одилу некрой.

Худованди тавоно дар «Қуръон»-и бузургаш (сураи Ҳуҷурот, ояти 9) мефармояд: «Ва адл кунед, ба дурустӣ, ки Худо адлкунандагонро дӯст медорад».

Адолат муҳимтарин ва бузургтарин сифати раҳбар аст, ки шариати Ислом ба он аз ҳама бештар арҷ мегузорад. Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Одилон дар назди Худованд дар минбарҳое аз нур қарор доранд, онон, ки дар ҳукмашон, хонаводаҳояшон ва роҳбарие, ки ба онҳо дода шудааст, адолатро риоя мекунанд».

Ҳамчунин аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармудаанд: «Якрӯза адли подшоҳ аз ибодати шастсолаи як мард беҳтар аст». Ин гуна намунаҳо аз аҳодиси қудсӣ ва набавӣ андар сифати раҳбари оқилу одил хеле зиёданд, зеро дини мубини ислом маҳз бо сифатҳои волои ахлоқӣ аз дигар динҳои осмонӣ афзалият дорад. Ростиву сидқ андар ибодату кор аз дигар фазилатҳои ин дини мубин аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли фаъолияти созандаи хеш ҳамчун раҳбари ростраву ростгӯ ва содиқ ба халқу миллат номвар шудааст, ки инҳо низ аз беҳтарин хислатҳои  фарди мусалмон ба шумор мераванд.

Расули Акрам (с) фармудаанд: «Ростӣ раҳнамои хайр аст ва хайр раҳнамои биҳишт. Хар кӣ доимо ростӣ кунад, номашро ба ҳузури Илоҳӣ сиддиқ нависанд». Ва Худованд Пайғамбари моро бо хитоби муҳим – «фастақим камо умирта», яъне «чунон ки фармуда шудӣ, устувор бош», ба сидқ ва ростӣ амр намудааст.

Тавассути қонуни мазкур расмӣ шудани маснади Пешвои миллат  фоли нек дар фазои давлату миллат аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳо пеш бо хизматҳои шоёни хеш меҳру муҳаббати мардумро сазовор шуда буданд ва ин санад эътирофи расмии ҳамин маҳбубият аст. Дар ин замина, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷикистонро бо чунин иқдоми нек муборак гуфта, саодати ҳарду ҷаҳонро аз даргоҳи Худованди бузург ба дуо хоҳон аст.

 

                                                     Раёсати Шӯрои уламои

Маркази исломии

                                                      Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                      ш. Душанбе 15.12.2015

Другие новости

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее