ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. (Ш. ОМСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, 25 - УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024)
Рўзи 25-уми январи соли 2024 дар шаҳри Омски Федератсияи Россия конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Ҳамгироии байни миллатҳо ва динҳо ассоси давлатдории Россия” баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода игтирок ва дар мавзўи «Нақши Ислом ва динҳои анъанавӣ дар ваҳдати халқҳо» суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ Саидмукаррам Абдуқодирзода иброз дошт, ки дини мубини Ислом имконоти бузург дар соҳаи муколамаҳои миёни фарҳангу тамаддунҳо, инчунин низомҳои мухталифи иҷтимоӣ ва адёни гуногун дорад. “Муҳимтарин нуктае, ки Қуръони карим мардумро ба он даъват мекунад, ин сулҳ аст. Вақте ки дар паҳлуи як фарди мусалмон ғайримусалмон зиндагӣ мекунад, ба он роҳ додан лозим нест, ки эҳтиром нисбат ба ӯ камтар бошад. Ин ҷо бояд ягон бадбинӣ набошад”-иброз дошт Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Инчунин таъкид гардид, ки ҳадафи мусалмон накукорӣ ба хотири манфиати тамоми башарият аст. “Муъмини комил вазифадор аст, ки бо дилу нияти нек ва раҳму шафқати инсонӣ ба олами атроф муносибат карда, дар иҷрои амалҳои шоистаи инсонӣ дар саъю талош бошад. Зеро Худованди бузургу тавоно дар Қуръони маҷид фармудаанд:
«... Ва дар некукорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки Ў ба сахтӣ уқубат мекунад» (ояти 2-и сураи «Моида»).-илова намуд Раиси Маркази исломӣ.
Дар хотимаи суханронии худ Раиси Шурои уламо иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ беш аз ҳар вақти дигар инсон бояд ҳадафи офариниши худро бидонад ва мақсади зиндагии хешро пайдо кунад. “Дини мубини Ислом хоҳони он аст, ки ҳамзистии нек байни башарият бояд пойдор бошад”.
.jpg)
Другие новости
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
ПодробнееВыступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Подробнее


