Асосӣ Хабарҳо ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. (Ш. ОМСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, 25 - УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024)

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. (Ш. ОМСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, 25 - УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024)

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. (Ш. ОМСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ,  25 - УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024)
2024-01-25
1250

Рўзи 25-уми январи соли 2024 дар шаҳри Омски Федератсияи Россия конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Ҳамгироии байни миллатҳо ва динҳо ассоси давлатдории Россия” баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода игтирок ва дар мавзўи «Нақши Ислом ва динҳои анъанавӣ дар ваҳдати халқҳо» суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ Саидмукаррам Абдуқодирзода иброз дошт, ки дини мубини Ислом имконоти бузург дар соҳаи муколамаҳои миёни фарҳангу тамаддунҳо, инчунин низомҳои мухталифи иҷтимоӣ ва адёни гуногун дорад. “Муҳимтарин нуктае, ки Қуръони карим мардумро ба он даъват мекунад, ин сулҳ аст. Вақте ки дар паҳлуи як фарди мусалмон ғайримусалмон зиндагӣ мекунад, ба он роҳ додан лозим нест, ки эҳтиром нисбат ба ӯ камтар бошад. Ин ҷо бояд ягон бадбинӣ набошад”-иброз дошт Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Инчунин таъкид гардид, ки ҳадафи мусалмон накукорӣ ба хотири манфиати тамоми башарият аст. “Муъмини комил вазифадор аст, ки бо дилу нияти нек ва раҳму шафқати инсонӣ ба олами атроф муносибат карда, дар иҷрои амалҳои шоистаи инсонӣ дар саъю талош бошад. Зеро Худованди бузургу тавоно дар Қуръони маҷид фармудаанд:

 «... Ва дар некукорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки Ў ба сахтӣ уқубат мекунад» (ояти 2-и сураи «Моида»).-илова намуд Раиси Маркази исломӣ.

 Дар хотимаи суханронии худ Раиси Шурои уламо иброз дошт, ки дар шароити кунунӣ беш аз ҳар вақти дигар инсон бояд  ҳадафи офариниши  худро бидонад ва мақсади  зиндагии хешро пайдо кунад.  “Дини  мубини Ислом хоҳони он аст, ки  ҳамзистии нек  байни башарият бояд пойдор бошад”.

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар