Главная Новости ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ- ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ,ОЗОДИҲОИ ЭЪТИҚОДӢ ВА РАСМУ ОЙИНҲОИ МИЛЛӢ»

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ- ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ,ОЗОДИҲОИ ЭЪТИҚОДӢ ВА РАСМУ ОЙИНҲОИ МИЛЛӢ»

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ- ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ,ОЗОДИҲОИ ЭЪТИҚОДӢ ВА РАСМУ ОЙИНҲОИ МИЛЛӢ»
2026-06-09
19

     Рӯзи 9.06.2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ, озодиҳои эътқодӣ ва расму ойинҳои миллӣ» бо иштироки доираи васеи олимон, муҳаққиқон, имомхатибон ва омӯзгорони ДИТ баргузор гардид. Дар кори чорабинии мазкур Абдуқодирзода Саидмукаррам - Раиси Маркази исломии Тоҷикистон иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Зимни суханронии худ қайд карданд, ки мо дар арафаи 35-солагии таҷлили истиқлолияти кишвари азизамон қарор дорем. Воќеан, истиқлолият бо изни Парвардигор таърихї оғози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳаёти динӣ ва маънавии ҷомеа шароити мусоид фароҳам гардид. Озодии виҷдон ва эътиқод таъмин шуда, шаҳрвандон имкони озодона анҷом додани ибодатҳо ва маросимҳои диниро пайдо карданд.

Яке аз дастовардҳои беназири Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, расман эътироф ва ҳимоя намудани мазҳаби таҳаммулгарои Ҳанафӣ мебошад.

Инчунин қайд намуданд, ки яке аз љумлаи дастовардњое, ки дар даврони истиќлолият насиби ин миллат гардид, қабули қонун “Дар барои танзими  ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки мо имсол 19-солагии қабули қонуни мазкурро ҷашн мегирем, ки ба дарки аҳамияти самти мазкур дар ҳаёти мардум такони ҷиддӣ бахшид.

Время намаза в Душанбе

10.06.2026

Подробнее
Фаджр03:23
Зухр12:40
Аср17:52
Магриб19:58
Иша21:28
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Подробнее