Главная Новости Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи иди саиди Қурбонро муайян кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи иди саиди Қурбонро муайян кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи иди саиди Қурбонро муайян кард
2017-08-23
6640

Имрӯз соати 14.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.

Нахуст дар назди уламои кишвар, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати фарорасии даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади иди саиди Қурбон табрику шодбош гуфт ва бо тиловати чанде аз оёти Қуръони азимушшаън ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд намуд, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ иди саиди Қурбон дар кишварамон ба рӯзи 1-уми сентябр рост меояд. Пас аз муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:

  1. Мувофиқи њисоби илмӣ оид ба руъяти њилол иди саиди Қурбон дар қаламрави Ҷумњурии Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябри соли 2017 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузоршавии намози иди Қурбон соати 06:30 дақиқа муайян карда шавад.

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба пешгирии исрофкориҳо дар рӯзи ид суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Другие новости

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее