Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи иди саиди Қурбонро муайян кард
Имрӯз соати 14.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.
Нахуст дар назди уламои кишвар, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати фарорасии даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади иди саиди Қурбон табрику шодбош гуфт ва бо тиловати чанде аз оёти Қуръони азимушшаън ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд намуд, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ иди саиди Қурбон дар кишварамон ба рӯзи 1-уми сентябр рост меояд. Пас аз муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:
- Мувофиқи њисоби илмӣ оид ба руъяти њилол иди саиди Қурбон дар қаламрави Ҷумњурии Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябри соли 2017 таҷлил карда шавад.
- Вақти баргузоршавии намози иди Қурбон соати 06:30 дақиқа муайян карда шавад.
Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба пешгирии исрофкориҳо дар рӯзи ид суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
More news
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


