Сафари Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия
Рӯзи 14-уми декабр Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷиҳати анҷоми мулоқот ва вохӯриҳо бо муҳоҷирони тоҷик ва дигар масъалаҳои муҳим ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуд. Дар рӯзи нахустини сафари худ ба Русия Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди “Хиёбони МИР” бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кору фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом дод.

Рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Москва Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайниддин мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои байни Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонони Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии худро баён доштанд.

Ҳар ду ҷониб бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир таҳияи созишномаи дуҷониба оид ба муборизаи муштарак бо ҷараёну ҳаракатҳои экстремистию террористиро ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.
Дар рӯзҳои оянда низ Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муҳоҷирони тоҷики дигар манотиқи Русия мулоқот ва вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.
Другие новости
Маҷлиси Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян намудани рўзи баргузории иди шарифи Рамазон дар соли 2026 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили марбут ба он.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее


