Главная Новости Фатвои Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2015 Дар бораи гурӯҳи ДИИШ

Фатвои Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2015 Дар бораи гурӯҳи ДИИШ

Фатвои Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2015 Дар бораи  гурӯҳи ДИИШ
2015-06-02
6256

Фатвои Шӯрои уламои Маркази Исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2015

Дар бораи  гурӯҳи ДИИШ

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Сипосу ҳамди бепоён ба Худованди яктову бениёз ва ниҳоят меҳрубон, ки раҳмати Ӯ ҳама ашёро фаро гирифтааст. Ва дуруду салавот ба пешвои мо-Паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам.

Имрӯз дар ҷаҳон гурӯҳ, ҳаракат ва равияҳои нав пайдо шуда худро ҳимоятгари дини мубини Ислом муаррифӣ менамоянд, вале дар асл зери ниқоби дин амалҳои зишту зиддиисломӣ ва зиддиинсонии худро амалӣ месозанд. Гурӯҳи ба ном “Давлати исломии Ироқу Шом” аз қабили чунин гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро буда, бо истифода аз муқаддасоти Ислом ва эҳсосоти мусулмонони дунё нақшаҳои шуми худро мехоҳанд амалӣ намоянд. 

Барои тасаввури бештар ва амиқтар дар бораи ин гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” чанд амалҳои ғаришаръӣ ва ғайриинсонии ин гурӯҳро баён мекунем:

1. Такфир, яъне кофир эълон намудани нафароне, ки ҳамақидаи онҳо нестанд. Ҳамин тариқ ҷоиз донистани рехтани хуни мусулмонон, иззату обрў, таҷовуз ба номуси занону духтарони онҳо; Дар ин маврид саҳобагон фармудаанд, ки “Худо хавориҷро лаънат кунад, ки оятҳои дар ҳаққи кофиронро бар мусулмонон раво медонанд”.

2.            Қатли ом;

3.            Бераҳмона сар задани занону духтарон;

4.            Аз байн бурдани миллатҳо;

5.            Оташ задани хонаи мусулмонон;

6.            Тарконидани масҷидҳо;

7.            Ғулом намудани занону кўдакон;

8.            Истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа бар муқобили мусулмонон;

9.            Талаву тороҷи мардум;

10.          Аз номи Ислом даъват ва гумроҳ намудани ҷавонон ва садҳо ҳаромкорӣ ва беадолатиҳои дигар...

Пайравони ин гурӯҳ худро ба Ислом нисбат медиҳанд ва ҳатто гуё даъвои дифоъ аз Исломро доранд, дар аксарият маврид амалҳои таҷовузгаронаи худро бо оёти сураи “Тавба” аз Қуръони Маҷид асоснок намуда ва хосса шаш ояти аввали онро мувофиқи манфиатҳои худ шарҳу тавзеҳ дода, нияту мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ мекунанд. Аммо тарзи истинботи саҳеҳу дуруст аз оятҳои “Қуръон”, аз ҷумла ин оёти қудсӣ, бояд қаблан сабаби нузули онҳоро ба асос гирифта, онҳоро бо ҳамдигар ва  бо оёту аҳодиси дигар  қиёс намуд. Дар ду ояти аввали сураи “Тавба” калимаи “қатъи муомила” ба маънии надодани таъмини кафолати бехатарӣ аз ҷониби мусалмонон барои мушрикон аст, ки бутҳои чубини заминиро ба ҳадди Худои Якка ва Ягона боло мебардоштанд.

Муъминон, ки дар сулҳдӯстӣ барои мардуми атроф бояд беҳтарин намуна бошанд, чаро баногоҳ дар байни худ чунин душманситезӣ мекунанд? Охир, Паёмбари гиромии мо ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: “Мусалмон (таслимшуда ба Аллоҳ ва амрҳои Ӯ) он аст, ки аз зарари дасту забони ӯ дигар мусалмонон дар амон бошанд”.     “Мӯъмин касест, ки инсонҳои дигар (чӣ мусалмон ва чӣ ғайримусалмон) аз ӯ на дар нафси худ ва на дар амволи худ хавф надошта бошанд”.

Намояндагони ин гурӯҳи тундрав бисёр инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонида, инсонҳоро зинда оташ зада, ба шахсони нотавону заиф зулму ситам намуда, молу мулки дигаронро ба ғорат мебаранд, дар ҳоле ки ба ин ҳақ надоранд ва ин амал аз нигоҳи Ислом ҳароми қатъи мебошад. Худованди азза ва ҷалл дар сураи мубораки “Исро” мефармояд: “Ва макушед нафсеро, ки Худо ҳаром сохтааст, магар ба ҳақ” (“Исро”, ояти 33).

Ҳамчунин дар сураи “Шӯро” мефармояд: “Ҷуз ин нест, ки роҳ(-и маломат) бар он касоне аст, ки ба мардумон зулм мекунанд ва дар замин ноҳақ фасод металабанд; барои ин ҷамоа азоби дарднок аст”. (“Шӯро”, ояти 42). 

Дар Ислом эълони хилофат бидуни гузаронидани шӯро ҷоиз нест. Ҳеч шахс ё гурӯҳ ҳақ надорад бидуни далелҳои шаръӣ ва гузаронидани Шӯрои мусулмонон хилофат созад ва худро халифа эълон намояд. Эълони хилофат бе иҷмои мусулмонон ва ризоияти онҳо фитна мебошад, зеро аксари мусулмонони дигарро, ки бар он мухолифанд, аз доираи хилофат берун мегузорад. Ин амр сабаби ташкили чанд хилофати дигари ба ҳам муқобил мегардад, ки дар интиҳо ба барпо шудани исёну ошӯб ва тафриқаандозии мусалмонон оварда мерасонад.

Дар Ислом баровардани ҳукми ҷазо (ҳудуд) бидуни далели шаръӣ ҷоиз нест. Ҷазо (ҳудуд) дар  “Қуръон” ва аҳодиси набавӣ зикр шуда, бешубҳа аз ҷузъи асосии шариати исломӣ аст. Аммо, ҷазоро бе фаҳмидани асли масъала ва овардани исботу далелҳои равшану қатъии гунаҳкории муҷрим истифода бурдан ва амалӣ намудан ҳаром аст.

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ояҳои Қуръон, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ, амалҳои гурӯҳи ба ном “Давлати исломии Ироқу Шом”-ро таҳлилу баррасӣ карда, чунин ФАТВО содир менамояд:

1. Ҳамаи амалҳои гурӯҳи ба ном “Давлати исломии Ироқу Шом” аз нахустин лаҳзаи ташкил намудани он, даъват барои ҳиҷрат, ҷиҳод ва зулму қатли ошкорои он, хилофи шариати Ислом буда, пайравӣ намудан аз ин гурӯҳ тибқи далелҳои шаръӣ ҳаром аст.

2. Шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурӯҳи бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом”  ва ширкат дар амалҳои ба ном “ҷиҳод” тибқи далелҳои шаръӣ хилофи аҳкоми шариат ва гуноҳи кабира маҳсуб шуда, резонандаи хуни ба ғайриҳақ дар рӯзи Қиёмат мустаҳиқи азоби дарднок мегардад. 

27.05.2015

Другие новости

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее