Главная Новости Маҷлиси навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2015-06-11
5512

Маҷлиси навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Рӯзи 11-уми июни соли 2015 дар бинои Маҷлисгоҳи Маркази исломӣ маҷлиси якҷояи Шӯрои уламо ва Раёсати Маркази исломӣ баргузор гардид. Дар маҷлис аъзоёни Шӯрои уламо, сархатибони ноҳияҳои тобеъ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе, раёсати Маркази исломӣ, намояндагон аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳузур доштанд. Масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис муайян намудани саршавии моҳи шарифи Рамазон ва муайян намудани нисоби закоту фитри рӯза ва фидяи савм буд.

         Ҳозирини маҷлис баъд аз шунидани хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи комиссияи коршиносони Маркази исломӣ, ки қабл аз чор моҳ дар Маркази исломӣ таъсис дода шуда буд, баъди баҳсу хулосагириҳо доир ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуданд:

1. Аввали моҳи шарифи Рамазон дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18-уми июни соли 2015 муайян карда шавад. (дар сурати тағирот шудан, иловатан хабар карда мешавад)
2. Тибқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот барои соли 2015 -  12200 сомонӣ муқаррар карда шуд, ки аз он 305 сомонӣ закот дода мешавад.
3. Садақаи Фитр барои ҳар як шахс 4 сомонӣ муайян карда шуд. (Инчунин пешнињод карда шуд, ки тавонмандон метавонанд, ки садақаи фитрро аз рӯи њисоби қиммати мавиз анљом дињанд).
4. Фидяи рӯза дар моҳи Рамазони соли 2015 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд.

5. Хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.

6. Тақвими тартибдодаи Раёсати Маркази исломї маъқул дониста шуда, аз њамагон хоњиш карда шуд, ки худсарона тақвимњои гуногун бидуни мувофақа бо Раёсати Шӯрои уламо чоп накунанд.

         Аз ҷониби раёсати маҷлис ба ҳамагон супориш дода шуд, ки аз минбарҳои масҷид ва дар маъракаю маросимҳо доир ба фазилати моҳи шарифи Рамазон, дастгирии ятимону бепарасторон ва хусусан аз  тоҷирону соҳибкорон   даъват ба амал оварда шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон қимати маҳсулотҳои ғизоии ниёзи мардумро зиёд накунанд.

Маҷлиси навбатӣ бо дуои дастаҷамъӣ дар ҳаққи миллату мардуми кишвар хотима ёфт.

Котиботи Шӯрои уламои ҶТ

Другие новости

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее