Маҷлиси навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 11-уми июни соли 2015 дар бинои Маҷлисгоҳи Маркази исломӣ маҷлиси якҷояи Шӯрои уламо ва Раёсати Маркази исломӣ баргузор гардид. Дар маҷлис аъзоёни Шӯрои уламо, сархатибони ноҳияҳои тобеъ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе, раёсати Маркази исломӣ, намояндагон аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳузур доштанд. Масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис муайян намудани саршавии моҳи шарифи Рамазон ва муайян намудани нисоби закоту фитри рӯза ва фидяи савм буд.
Ҳозирини маҷлис баъд аз шунидани хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи комиссияи коршиносони Маркази исломӣ, ки қабл аз чор моҳ дар Маркази исломӣ таъсис дода шуда буд, баъди баҳсу хулосагириҳо доир ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуданд:
1. Аввали моҳи шарифи Рамазон дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18-уми июни соли 2015 муайян карда шавад. (дар сурати тағирот шудан, иловатан хабар карда мешавад)
2. Тибқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот барои соли 2015 - 12200 сомонӣ муқаррар карда шуд, ки аз он 305 сомонӣ закот дода мешавад.
3. Садақаи Фитр барои ҳар як шахс 4 сомонӣ муайян карда шуд. (Инчунин пешнињод карда шуд, ки тавонмандон метавонанд, ки садақаи фитрро аз рӯи њисоби қиммати мавиз анљом дињанд).
4. Фидяи рӯза дар моҳи Рамазони соли 2015 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд.
5. Хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳ гузаронида шавад.
6. Тақвими тартибдодаи Раёсати Маркази исломї маъқул дониста шуда, аз њамагон хоњиш карда шуд, ки худсарона тақвимњои гуногун бидуни мувофақа бо Раёсати Шӯрои уламо чоп накунанд.
Аз ҷониби раёсати маҷлис ба ҳамагон супориш дода шуд, ки аз минбарҳои масҷид ва дар маъракаю маросимҳо доир ба фазилати моҳи шарифи Рамазон, дастгирии ятимону бепарасторон ва хусусан аз тоҷирону соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон қимати маҳсулотҳои ғизоии ниёзи мардумро зиёд накунанд.
Маҷлиси навбатӣ бо дуои дастаҷамъӣ дар ҳаққи миллату мардуми кишвар хотима ёфт.
Котиботи Шӯрои уламои ҶТ
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар