Новости
Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфтанд. Раиси Маркази исломӣ қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рўзи душанбе 2-юми май рост меояд.
Дар доираи татбиқи банди 6-уми нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон рӯзи 19 апрели соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа» мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар ин мулоқот фаъолони шаҳр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ҷамоатҳою деҳот, имомхатибон, собиқадорону ҷавонони ватандӯсти шаҳри Конибодом ҳузур доштанд.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрику муборакбод гуфта, барои ҳамагон тавфиқи тоату ибодат, сабру таҳаммул дар адои фаризаи рўза таманно менамояд ва аз Худованди меҳрубон масъалат дорад, ки аъмоли ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд.
Имрӯз 29.03.2022 соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфт...
Мо ходимони дини кишвар ҳамеша шукргузорем, ки дар ватани азизамон оромиву суббот, дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буда, дар партави дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осуда умр ба сар мебарем.
Выступления Президента
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Подробнее


