Фазилати даҳаи Зулҳиҷҷа
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳамду сипоси беандоза Худовади ягонаро шоиста аст, ки барои бандагони хеш неъматҳои беқиёс арзонӣ дошт ва дуруди саломи моломол аз меҳру муҳаббат бар Расули раҳмат (с) ва бар хонадону ёронаш бод.
Чи тавре ки маълум аст, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон яке аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, ба ҷо овардани он бар ҳар фарди мусалмон фарз мебошад. Илова бар ин шариати муқаддаси Ислом барои тарбия ва тазкияи нафс ва ба даст овардани қурби илоҳӣ ба рӯзаи нафлӣ ташвиқу тарғиб намуда, фазилатҳои баъзе аз рӯзҳои солро баён доштааст. Аз ҷумлаи ин рӯзҳо даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа мебошад.
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ибодат дар ҳеҷ рӯзе ба назди Худованди азза ва ҷалла маҳбубтар аз ибодат дар даҳаи аввали Зулҳиҷҷа нест. Рӯза доштан дар ҳар рӯзе аз ин рӯзҳо ба қадри рӯзаи як сол савоб дорад ва ибодат кардан дар ҳар шабе аз он ба қадри ибодат кардан дар шаби қадр савоб дорад». (Ривояти Тирмизӣ, ҷ.3, с.131).
Мурод аз даҳаи аввали моҳи Зулҳаҷҷа аз рӯзи якум то нуҳуми он, яъне нуҳ рӯз аст, зеро рӯза гирифтан дар рӯзи даҳум мамнуъ мебошад.
Ҳамчунин аз Абӯқатода (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Ман аз Худованди азза ва ҷалла умед дорам, ки рӯзаи рӯзи Арафа каффорати гуноҳони як соли қабл ва як соли баъд гардад”. (Ривояти Тирмизӣ ҷ.3, с.124).
Қобили зикр аст, ки фазилати рӯзаи рӯзи Арафа барои ғайри ҳоҷиён мебошад. Вазифаи ҳоҷиён ва ибодати онҳо дар ин рӯз вуқуф намудан дар майдони Арафот аст. Бинобар ин, ба онҳо дастур дода шудааст, ки намози пешин ва асри он рӯзро пас аз завол қаср ва якҷоя хонда, суннатҳои пешини он рӯзро тарк намоянд. Агар ҳоҷиён дар он рӯз рӯза гиранд, барои онҳо вуқуф дар Арафот ва ҳаракат ба сӯи Муздалифа мушкил мешавад. Бинобар ин, барои ҳоҷиён дар ин рӯз рӯза гирифтан писандида нест, ҳатто дар як ҳадис аз рӯза гирифтан дар он рӯз мумониат ба амал омадааст. Паёмбари Ислом (с) дар Ҳаҷҷатулвадоъ бо амали худ ба уммати мусалмон ин масъаларо таълим доданд. Дар як ҳадис омадааст, ки Паёмбари Худо (с) дар рӯзи Арафа вақте ки дар майдони Арафот савор бар шутури худ машғули вуқуф буданд, дар ҳузури ҳамаи мардум шир нӯшиданд, то ҳама мушоҳида кунанд ва бидонанд, ки эшон имрӯз рӯза нагирифтанд.
Рӯзаи рӯзи Арафа барои ғайри ҳоҷиён ба он хотир аст, ки раҳмату баракоти илоҳӣ, ки дар майдони Арафот бар ҳоҷиён нозил мешаванд, шомили ҳоли онҳо низ гардад. Мақсад ин аст, ки он бандагони мусалмон, ки дар ҳаҷ ширкат накардаанд, дар ин рӯз рӯза гирифта, аз раҳматҳои хоссаи илоҳӣ баҳраманд шаванд. Ҳикмати дастури қурбонӣ барои ғайри ҳоҷиён дар рӯзи иди Қурбон низ ҳамин аст.
Мавриди тазаккур аст, ки баъзе ашхос дар ин гуна аҳодисе, ки савобу самараи як амал дар онҳо беш аз ҳад зикр шудааст, шакку тардид мекунанд. Сарчашмаи ин шакку тардид ноогоҳӣ аз вусъати раҳмат ва фаровонии карами Худованди азза ва ҷалла аст
Саидов Абдулбасир – муовини авали Раиси Марказ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар