Саҳми уламои ҳанафӣ дар шарҳи осори Имом Бухорӣ
Суннати Паёмбар (с) дар баробари Қуръони карим дар ҳама давру замон сарчашмаи аслии шариат ва ақидаи исломӣ маҳсуб мегардид ва тамоми уламоии исломӣ маконат ва ҷойгоҳи бузургии онро эътироф менамуданд. Асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Имом Абӯҳанифа низ дар ин маврид чунин фармудааст: «Вақте ман фармонеро дар китоби Худо меёбам онро аз он ҷо мегирам. Вақте онро дар он ҷо наёфтам аз қавлу феъл ва суннати муайяди Паёмбар (с) мегирам, ки аз маъхазҳои муътабар ба дасти мо расидааст. Вақте онро дар китоби Худо ва дар суннати Расул (с) наёфтам, аз ақидаи саҳобагони Паёмбар (с) пайравӣ мекунам ва ҳеҷ ақидаеро аз хориҷ намепазирам». Гуфтаҳои Абӯҳанифа муносибати ӯро ба суннати Паёмбар (с) ва донандагони он ба таври возеҳ нишон медиҳад. Ин эҳтиром ва побандӣ ба суннати Паёмбар (с) ва шавқу рағбат дар омӯзиши он ба шогирдону пайравони Абӯҳанифа низ ҳамчун мерос гузашт, ки онҳо дар омӯзиш ва интишори суннати набавӣ ҳам бо таълифоти худ ва ҳам бо шарҳи таълифоти муҳаддисини бузург ба хусус Имом Бухорӣ, саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Аз ҷониби уламои ҳанафӣ шарҳҳои зиёде ҳам бар таълифоти ҷудогонаи Имом Бухорӣ ва ҳам бар аҳодиси алоҳида аз таълифоту осори вай навишта шудааст. Шоёни зикр аст, ки аҳноф дар баробари ин шарҳу тавзеҳот дар тарҷумаи осори Имом Бухорӣ ба забонҳои мухталифи дунё низ хидматҳои зиёдеро анҷом додаанд. Албатта, дар ҳаҷми як маколаи кӯчак таҳлил ва баррасӣ намудани саҳми уламои ҳанафӣ дар шарҳ ва интишори осории Имом Бухорӣ амри маҳол аст ва мо танҳо бо зикри баъзе аз онҳо иктифо мекунем.
Вақте дар бораи шарҳҳои «Ҷомеъу-с-Саҳеҳ» сухан меронем, ки адади онҳо ба қавли муҳаққиқон беш аз наваду панҷ шарҳи пурраву нотамомро ташкил мекунад, наметавонем шарҳи Бадриддин Абӯмуҳаммад ибни Маҳмуди Айнии Ханафӣ (ваф. соли 855 ҳ.) маъруф ба «Умдату-л-қорӣ фи шарҳи-с-саҳиҳи-л-Бухорӣ» зикр накунем.
Ин китоб баъд аз «Фатҳу-л-борӣ» аз маъруфтарин ва муътабартарин шарҳҳои «Саҳеҳи Бухорӣ» аст. Агарчи раъйи ҷумҳури муҳаққиқин тарҷеҳи шарҳи Ибни Ҳаҷар аст, бархе аз уламо ин шарҳро ба хотири доштани афзудаҳои бадеӣ бар шарҳи Ибни Ҳаҷар тарҷеҳ додаанд. Дар ин шарҳ гузашта аз тарҷумаи ровиёни ҳадис ва табйини эъроб (муайян намудани ҳолати грамматики калимаҳо) ва тавзеҳи муфрадоти луғавӣ ва баёни маъонӣ ва тибёни ансоб, ба истинботи фиқҳу-л¬-ҳадис ва дигар фавоиди он пардохта шудааст.
«Умдату-л-қорӣ» дар байни осори муаллиф, ки ба ҳисоби муҳаққиқон беш аз бист ададанд мавқеъи баландтаринро ишғол мекунад. Ин шарҳ шомили 25 муҷаллад буда дар байни солҳои 821 ва 847 ҳиҷрӣ, яъне дар зарфи бисту шаш сол навишта шуд. Айнӣ «Умдату-л-қорӣ»-ро бо муқаддимаи мухтасари шабеҳи муқаддимаи Нававӣ бар «Шарҳи Саҳеҳи Муслим» оғоз карда, дар он сабабҳои таълиф шудани асарро баён мекунад ва дар бораи фазилату ҷойгоҳи «Саҳеҳи Бухорӣ» сухан меронад. Бадриддин Айнӣ дар шарҳи худ аз методологияи хоси таҳқиқ истифода намудааст. Қабл аз шарҳи бевоситаи матни аҳодис муаллиф таърих он ҳадисро баён намуда, кушиш мекунад, то сабабҳоеро, ки Паёмбарро ба гуфтани он қавл ё анҷом додани он амал водор намуданд, дарёфт кунад. Ин хусусият «Умдату-л-қорӣ»-ро аз шарҳҳои муаллифони дигар фарқ мекунонад ва ҳатто дар «Фатҳу-л-борӣ»-и Ибни Ҳаҷар ба назар намерасад.
Сараввал ном, ансоб ва ё кунияи ровиёни ҳадис муаян шуда, дар бораи шакли дурусти хондани номи онҳо баён мешавад ва ҳамчунин маълумоти мухтасар доир ба тарҷумаи ҳоли онҳо дода шудааст.
Айнӣ мавзеъҳои дигари зикр шудани ҳадисро дар бобҳои дигари «Саҳеҳ Бухорӣ» ва сарчашмаҳои дигар чун «Кутубу-с-ситта», «Муваттоъ»-и Имом Молик, «Муснад»-и Аҳмад ибни Ҳанбал ва «Мусаннаф»-и Абӯшайба баён мекунад. Ҳамчунин яке аз хусусиятҳои шарҳ аз ҷониби шореҳ баён шудани нозукиву латоифи иснод мебошад, ки дар он муаллиф хусисятҳои гуогуни иснодро зикр карда, аз љумла онҳоро аз рӯи маҳал тасниф менамояд – иснодҳои Миср, иснодҳои Шом, иснодҳои Ҳарамайн, иснодҳои Ироқ ва ғайра. Ҳамчунин вобаста ба ровиёни асонид арзиши онро муайян мекунад – иснодҳои заҳабӣ (тиллоӣ), яъне он иснодҳое, ки бо се ровӣ то ба Паёмбар (с) мерасанд; иснодҳои саҳобагон аз ҳамдигар ва ғ.
Пас аз шарҳи ҳоли ровиён ва баёни масоили марбут ба исноди аҳодис ба шарҳи луғавӣ ва сарфиву наҳвии алфози аҳодис мепардозад, ки дар он асосан шарҳи калимаҳои нодир ва ё сермаъно бештар мавриди таваҷҷуҳи шореҳ қарор гирифтааст. Бисёре аз муҳаққиқон ин бартарии «Умдату-л-қорӣ»-ро таъкид карда, зикр намуданд, ки Айнӣ дар ин ваҷҳ аз шореҳони дигар афзалиятҳои зиёдеро дорад.
Баъд аз таҳлили луғавӣ ва наҳвии матни њадис муаллиф ба истинботи аҳком мепардозад. Агарчи муаллиф кӯшиш мекард, ки тамоми аҳкоми дар матни аҳодис нуҳуфтаро барорад, дар зимни мутолиаи «Умдату-л-қорӣ» бараъло ба назар мерасад, ки ӯ пайрави мутаассиби мазҳабӣ ҳанафӣ мебошад. Вай дар шарҳ ҳамаҷониба дидгоҳҳои мазҳаби ҳанафиро ҳимоят мекард ва гоҳо дар ин амр адолати илмиро риоят намекард. Дар баёни ихтилофоти Бадриддин Айнии Ҳанафӣ китоби алоҳидае бо номи «ал-Лолӣ ва-д-дурар фи-л-муҳомоти байна-л-Айнӣ ва Ибни Хаҷар» таълиф шудааст, ки дар он 343 ихтилоф мавриди баррасӣ қарор дорад ва шояд адади онҳо аз ин ҳам зиёд бошад. Дар «Умдату-л-қорӣ» фавоиди зиёде оварда шудааст, ки арзиши илмӣ ва амалии шарҳрро баланд мекунад. Ҳамчунин аз ҷониби шореҳ номи мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва исмхои хоси ашхосу қабилаҳое, ки дар матни аҳодис зикр шудаанд шарҳу тавзеҳ дода шудааст.
Дар таълифи «Умдату-л-қорӣ» муаллиф аз шарҳҳои гузаштагони худ, чун Хаттобӣ, Кирмонӣ, Ибни Баттол ва Нававӣ ба таври васеъ истифода бурдааст. Ҳамчунин тахмин аст, ки Айнӣ зимни таълиф аз «Фатҳу-л-борӣ»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ истифода бурдааст. Ин иддаъоро он таъйид мекунад, ки муаллиф аз Ибни Ҳаҷар дастхати Фатҳу-л-борӣ»- ро барои истиора гирифта буд.
Ҳамаи ин фазилатҳои зикршуда «Умдату-л-қорӣ»-ро ба дараҷаи як асари доиратулмаорифӣ мебардорад, ки шомили маводи мухталиф дар ҳадису улуми он, фиқҳу усул, луғату адаби арабӣ, илоҳиёт, милалу ниҳал ва ҳатто таъриху ҷуғрофиё мебошад. Ин шарҳ борҳо аз тарафи матбааҳои гуногун бо кӯшишу таҳқиқи уламои ва муҳаққиқин ба табъ расидааст.
Дар байни шарҳҳои дигар шарҳи форсии «Саҳеҳи Бухорӣ» аз Мавлоно Нурулҳақи Бухории Ҷаҳонободӣ (вафот солии 1073 ҳиҷрӣ) маъруф ба «Тайсиру-л-қорӣ» шоёни зикр аст. Ин шарҳ ягона шарҳи форсӣ аст, ки шомили тамоми аҳодиси «Саҳеҳи Бухорӣ» аст. Шореҳи бузургвори он Мавлонон Нурулҳақ фарзанди Шайх Абдулҳақ муҳаддиси маъруфи Деҳлавӣ аст. Вай ҳамчун волиди гиромиаш, ки «Мишкот-ул-масобиҳ»-ро ба форсӣ тарҷума ва шарҳ карда, онро «Ашъату-л-ламъон» номида буд, «Саҳеҳи Бухорӣ»-ро шарҳ намуд
Ӯ чунон ки худ гуфта дар ин шарҳ аз шарҳи Ибни Ҳаҷар, шарҳи Айнӣ, шарҳи Қасталонӣ, шарҳи Кирмонӣ, шарҳи Суютӣ ва шарҳи тароҷими абвоби Бухорӣ баҳра гирифтааст.
Алломаи муҳаддис Абдулҳай Лакҳнавӣ дар муқаддимае, ки бар чопи 6 (шаш) ҷилдии ин шарҳ нигошта онро маҷмуае аз дуррҳои ганҷина шуда ва маодини макнун ва дорои матолиби нафис, фавоиди шариф латоифи латиф ва ғароиби дақиқ бар шумурдааст.
Дар ҳошияи ин шарҳ илова бар «Тароҷими абвоби Бухорӣ», ки аз таълифоти Имом Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ аст, шарҳи форсии нотамоми дигаре ба номи «Шарҳи Шайх-ул-ислом» вуҷуд дорад, ки шореҳи он аз наберагони Шайх Абдулҳақи Деҳлавӣ аст. Мутаассифона ин шарҳ то китоби «Фазоил-ус-саҳоба» боби фазли Оиша, разияллоҳу анҳо, ҳадиси «… عايشة فى تؤذينى لأ سلمه أم يا»-ро бештар надорад.
Шарҳи Мавлоно Нурулҳақ бо ин ки форсист ва дорои тарҷумаи дақиқ ҳам мебошад.
Илова ба шарҳи бевоситаи «Саҳеҳи Бухорӣ» уламои ҳанафӣ ба тароҷими абвоб ва аҳодси ҷудогонаи он шарҳҳои зиёде навиштаанд. Дар ин ҷода наметавон номи муҳаддиси бузург, мутарҷим ва шореҳи Қуръон ба забони форсӣ Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавиро (ваф. соли 1176 ҳ.) зикр накард, ки ӯ илова бар ин муаллифи «Шарҳу-т-тароҷими абвоби-л-бухорӣ» мебошад. Дар ин асар сабаб ва ҳикмати номгузории бобҳои алоҳидаи «Саҳеҳи Бухорӣ» шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Олими дигари ҳанафӣ Муҳаммад Кондеҳлавӣ (ваф. соли 1402 ) низ асаре бо ҳамин гуна ном ва муҳтаво таълиф намудааст.
Дар байни уламои ҳанафӣ, ки дар омӯзиш, шарҳ ва интишори аҳодис ба хусус осори Имом Бухорӣ саҳми арзандаи худро гузошаанд Алӣ ибни Султони Ҳаравӣ машҳур ба Мулло Алӣ Қорӣ (ваф. соли 1014) ҷойгоҳ ва мақоми хоссаро дорост. Агарчи ӯ шарҳи комили аҳодиси «Ҷомеу-с-саҳеҳ»-ро таълиф накарда бошад ҳам, дар таълифоти худ аҳодиси зиёд ва ҳатто бобҳои алоҳидаи «Саҳеҳ»-ро шарҳ додаст. Дар байни 234 асару таълифоти ӯ 37 адад бевосита ба шарҳи аҳодис бахшида шудааст, ки дар байни ин аҳодис аҳодиси «Саҳеҳи Бухорӣ» аксарияти мутлақро ташкил мекунанд. Аз ҷумлаи кӯшишҳои Мулло Алӣ Қорӣ дар шарҳи осори Имом Бухорӣ шарҳи китоби «Сулосиёт»-и ӯ мебошад. Ин китоб ба Сулосиёти Имом Бухорӣ маъруф аст ва маҷмӯи аҳодиси он мунҳасиран 22 ҳадис аст. Ин аҳодиси шариф ба хотири ин ки дорои асноди олӣ ҳастанд мавриди таваҷҷуҳ ва инояти хоси уламо қарор гирифтааст. Зеро силсилаи асноди онҳо ба се ровӣ ба Паёмбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мерасад ровиёни ин аҳодис, онҳоро аз «тобеин» ривоят кардаанд.
Ин китоб тавассути Муҳаммадшоҳ ибни Ҳоҷӣ Ҳасан (вафот соли 939 ҳиҷрӣ) шарҳи латифе гардидааст Қорӣ Ҳиравӣ маъруф ба Мулло Алӣ Қорӣ (вафот соли 1014 ҳиҷрӣ) ва Аҳмад ибни Муҳаммад Аҷамии Вафоӣ (вафот соли 1084 ҳиҷрӣ) низ бар ин китоб шарҳ навиштаанд ва шарҳи мазкур дар соли 1398 ҳиҷрӣ дар Деҳлӣ ба чоп расидааст.
Аз шоҳкориҳои Мулло Алӣ Қорӣ дар шарҳи аҳодиси набавӣ китоби машҳури ӯ «Мирқоту-л-мафотиҳ фи шарҳи мишкоти-л-масобиҳ», мебошад, ки дар он аҳодиси бисёри «Ҷомеъу-с-саҳеҳ» шарҳ шуда аст. Шореҳ дар зимни шарҳ ба вижагиҳои санадӣ, луғавӣ, истинботи аҳкоми фиқҳи ва усули ва ҳатто ҳақоқиқи ирфонӣ аҳамияти зиёде дода аст.
Дар охир бояд гуфт ки ин анъанаи уламои ҳанафи ва форсӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо низ идомаи худро ёфта истодааст. Масалан, аз ҷониби арабшиносони тоҷик Муҳаммадҷон Умаров ва Файзулло Бобоев то имрӯз алакай се ҷилди «Ҷомеъу-саҳеҳ» тарҷума шуда ба манзури хонандагону муҳаққиқони тоҷик пешкаш шуд. Бо умеди бурдборӣ ба кори онҳо да охир мехостам таъкид кунам, ки дигар донандагони забони арабӣ низ дар таҳқиқ, шарҳ, тарҷума ва интишори осори Имом Бухорӣ ва муҳаддисини дигар аз қабили соҳибони китобҳои шашгона, Имом Доримии Самарқандӣ ва Ибни Ҳибони Самарқандӣ, ки аз маҳаддиси бузурги аҳли суннат ва ҷамоат ва фарзандони фазонаи диёри мо мебошанд, ҳиссаи худро гузоранд.
Рустам Азизӣ – Маркази исломшиносӣ
Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар