ПАЙМОНИ ХАТАРЗО
Нашр шуд korbar - пт, 09/20/2019 - 08:23
“Паймон”-е, ки чанд гурӯҳи ифротӣ таъсис додаанд, ба миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон хатарзо аст, зеро паси ин Паймон қувваҳое истодаанд, ки мехоҳанд манфиатҳои худро амалӣ созанд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои гуногун таҳдид мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин хатарҳо истисно нест. Яке аз ин хатарҳо хатари терроризм ва экстремизм, аз ҷумла, хатари ТЭТ ҲНИ мебошад.Чунки ҳамагон медонанд, ки ТЭТ ҲНИ бо фаъолияти тахрибкоронаи худ ва ба сабаби барангехтани фитнаю тафриқа дар байни уммати Ислом номи поки Исломро бадном кардааст. Аз ин рӯ, ҳама мардуми шарифи кишвар, хусусан касоне, ки рӯзҳои талхро чашидаанд, кӣ ва чӣ будани ин ҳизби хиёнаткор ва сарварони онро шинохта ва нисбати онҳо нафрат доранд. Аҳли ҷомеа аз Худованд талаб доранд, ки ин тинҷию оромӣ, пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар доимӣ бошад ва аз шарри бадхоҳон ва фитнаангезону тафриқагарон, мазҳабфурӯшону душманони миллат Пешвои миллат ва кишвари азизамонро нигоҳ дорад.
Маҳмуд Сангалиев,
мутахассиси раёсати фатвои Маркази исломӣ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар