Асосӣ Мақолаҳо Фазоили Оишаи Сиддиқа (разияллоҳу анҳо)

Фазоили Оишаи Сиддиқа (разияллоҳу анҳо)

Фазоили Оишаи Сиддиқа (разияллоҳу анҳо)
2015-11-11
5993

Фазоили Оишаи Сиддиқа (разияллоҳу анҳо)

Ҳамду сано шоистаи Худованди ягона аст ва дуруду салом ба беҳтарини пайғамбарон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва хонадону ёронаш бод.

Шабе Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хоб дид, ки марде порчае аз ҳарир дар даст дорад ва рӯи он сурати духтаре нақш шудааст. Он мард ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Ин ҳамсари туст». Ду бор ин хоб барои Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) такрор шуд. Соҳиби он акси рӯи порча ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳу) духтари Абӯбакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) – дӯсти Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Оишаро аз падараш Абӯбакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) хостгорӣ карданд ва ӯро ба ақди худ дароварданд. Ин рӯйдод дар Макка моҳи Шаввол ду сол қабл аз ҳиҷрат дар ҳоле ки Оиша (разияллоҳу анҳо) бештар аз шаш сол аз умраш нагузашта буд, ба вуқуъ пайваст. Лекин ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Оишаро баъд аз ҳиҷрат дар синни 9-солагӣ ба хона оварданд. Дар яке аз рӯзҳо Оиша (разияллоҳу анҳо) бо духтаракони ҳамсинну соли худ бозӣ мекард, садои модарашро шунид, ки ӯро фарёд мекунад. Оиша (разияллоҳу анҳо) ба суръат пеши модараш рафт, аммо намедонист барои чӣ коре ӯро садо задаанд. Модараш дасти Оишаро гирифта бурд ва дасту рӯяшро ба об шуста, ба дохили хонае, ки пур аз занон буд, бурд. Оиша аслан намефаҳмид ва аз моҷаро ҳеҷ хабаре надошт. Ҳамроҳи модараш вориди хона шуданд. Баъзе аз занҳои ансор нишаста буданд, онҳо бо дидани Оиша (разияллоҳу анҳо) ба табрик гуфтан шуруъ намуданд ва зиндагии пурхайру баракате барояш орзу карданд. Ӯро дар канори худ нишонда, гесӯвонашро шона зада бофтанд. Ҳангоми чошт буд, ки ҳазрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ташриф оварданд ва бо Оиша издивоҷ карданд. Синни Оиша (разияллоҳу анҳо) дар ин ҳангом нуҳсола буд. Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Оишаро бисёр дӯст медоштанд. Рӯзе Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳу) пурсид: «Эй Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), дар миёни мардум чӣ касеро бештар дӯст медорӣ?». Фармуданд: «Оишаро». Боз пурсид: «Аз миёни мардон киро бештар дӯст медорӣ?». Фармуданд: «Абӯбакри Сиддиқ – падари Оишаро».

Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) нуҳ сол бо Ҳазрати Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зиндагӣ карданд. То рӯзе, ки ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Ҳақ пайваст. Вале соҳиби фарзанде нашуданд. Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) хеле дилаш мехост, ки соҳиби фарзанде шавад, то ӯро ба номи фарзандаш нидо кунанд, чунки дар миёни арабон расм ин буд, ҳар модареро ба исми фарзандаш нидо мекарданд. Масалан, яке писараш Абдуллоҳ ном дошт, модари писарро Умми Абдуллоҳ, яъне модари Абдуллоҳ садо мезаданд. Барои ҳамин Ҳазрати Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Оишаро Умми Абдуллоҳ нидо мекард ва Абдуллоҳ писари Асмо хоҳари Оиша буд, ки падараш Зубайр ном дошт. Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) зане диндори ботақво ва парҳезгору бофазл буд. Ба хотири ҳамин диндорӣ ва илму донишашон Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро эҳтиром мекарданд.       

Оиша (разияллоҳу анҳо) дар мавриди худ чунин мегӯяд: «Ҳафт имтиёз ба ман дода шудааст, ки ба ғайр аз Марям духтари Имрон ба каси дигаре аз занон чунин имтиёз дода нашудааст. Ҷабраил (а) дар хоб сурати маро ба Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишон дода, ба ӯ гуфт, ки бо ман издивоҷ кунад, ман танҳо зани дӯшизаи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳастам, Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоле аз дунё рафт, ки сараш дар оғӯши ман қарор дошт, ӯро дар хонаи ман дафн карданд, фариштагон атрофи хонаам ҳалқа зада буданд, Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ман дар бистари хоб буд, ки ваҳй нозил шуд, ман духтари халифаи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва тасдиқкунандаи ӯ ҳастам ва назди шахсе покиза будам, ба ман ваъдаи бахшишу рӯзии хуб назди Худованд дода шудааст».

Баъзе мардум дар ғазваи банӣ Мусталақ Оишаро туҳмат зада, бар ӯ дурӯғ бастанд. Аммо Худованд аз осмон оят фиристод ва ба покдомании ӯ шаҳодат дод.

Оиша (разияллоҳу анҳо) Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бисёр дӯст медошт, то ҷое ки дар ин маврид бо дигарон рақобат мекард. Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Оиша (разияллоҳу анҳо) гуфт: «Дӯстии ман нисбат ба ту ҳалқаи оҳанӣ ва ногусастанӣ аст».

Оиша (разияллоҳу анҳо) ҳамеша мегуфт: «Дӯст дорам, ки занони хонаводаи мо дар моҳи Шаввол издивоҷ кунанд, зеро Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маро дар моҳи Шаввол ақд кард ва дар Шаввол маро ба хонаи худ бурд, ман аз ҳамаи занони Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баҳраи бештаре аз он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бурдам».

Бар асари муҳаббати Пайғмабар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ғайрати ӯ ҷӯш мезад ва рашк мебурд, Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо лабханд мепурсид: «Ғайратат ба ҷӯш омад?». Оиша мегуфт: «Чигуна бар муҳаббати Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ғайратам ба ҷӯш наояд ва бар дигарон рашк набарам». Оиша (разияллоҳу анҳо) мегӯяд: Дар ҳангоми вафоти Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дидам, ки эшон дар оғӯшам сангинӣ мекунад, ба чеҳрааш нигоҳ кардам, дидам чашмҳояшро ба сӯи осмон дӯхта ва мегӯяд: «Балки ёру дӯсти болоро ихтиёр мекунам». Гуфтам: «Эй Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! Ба ту ихтиёр дода шудааст, ки аз дунё ва охират якеро қабул кунӣ ва савганд ба зоте, ки туро ба ҳақ мабъус доштааст, ту беҳтаринро ихтиёр кардӣ». Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар оғӯши ман вафот кард, сарашро бар болиш гузоштам ва бархоста, бо дигар занҳо ба гиря кардан шуруъ намудам».

Оиша (разияллоҳу анҳо) солҳои зиёде баъд аз Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зинда буд ва марҷеъи асосии мусулмонон дар ҳадису суннат ва фиқҳ ба шумор мерафт. Ӯ ҳазорон ҳадис аз аҳодиси Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ҳифз карда буд.

Бузургони тобеъин, ки дар асри Оиша (разияллоҳу анҳо) зистаанд, дар мавриди ӯ мегӯянд: «Агар илму дониши бо илми занони Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва тамоми занони дунё муқоиса шавад, илми Оиша (разияллоҳу анҳо) бештар хоҳад буд».

Имом Заҳабӣ дар мавриди ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) мегӯяд: «Ӯ фақеҳтарин зани уммати исломӣ аст».

Оиша (разияллоҳу анҳо) дар моҳи Рамазон дар синни 66-солагӣ аз ин ҷаҳон рахт барбаст. Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) намози ҷанозаи ӯро хонд ва бонуи бузурги Ислом дар қабристони Бақиъ ба хок супурда шуд.

  Вақте Умми Салама (разияллоҳу анҳу)-ро хабар карданд, ки Оиша (разияллоҳу анҳо) фавт кардааст, гуфт: «Савганд ба Худо, ки Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро аз ҳама бештар дӯст медошт, ба ҷуз падараш, ки аз ҳама мардум назди Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маҳбубтар буд».

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:29
Пешин12:40
Аср17:50
Шом19:47
Хуфтан21:17
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар