БИГЗОР ФИҒОН КАШАНД! МО МУТТАҲИДЕМ!
Бемории сироятии коронавирус бори дигар нишон дод, ки миллати сарбаланди тоҷик метавонад бо дурандешиву иттиҳоду сарҷамъӣ бар ҳар офату даҳшате пирӯз гардад. Ҳарчанд чунин иттиҳоду сарҷамъии миллӣ ба тоифае аз қабили саркардагони наҳзатӣ писанд несту фиғони онҳоро ба фалак мекашад.
Мо шоҳиди онем, ки мардум мустақилона гурӯҳ-гурӯҳ маъракаҳои густардаи хайриявӣ ташкил намуда, дасти саховату эҳсон ҷониби ниёзмандони нодорон дарон менамоянд.
Ҳамаи ин сарҷамъии миллат ҳар яки моро бовар мекунонад, ки мо метавонем аз мушкилтарин имтиҳоноти зиндагӣ гузарем, ба шарте, ки ҳамеша дар иҷрои уҳдадориҳои миллии худ аз як гиребон сар барорем.
Саидҷон Асоев,
ходими дин
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


