ҒУРУРИ МИЛЛӢ
Ҳикояте ҳаст, ки як замон марде дарахтони боғашро бурида мефурӯшаду фарзандашро ба шаҳр мефиристад, то хонаду роҳкушои зиндагӣ гардад. Аммо аз фарзанд дараке намешавад, фарзанд волидайнашро фаромӯш мекунад. Солҳо мегузаранд. Дар ин миён пирамард фарзандашро интизор намешаваду дар ҳар ҷойи холии деҳ ниҳол мешинонад ва онҳо ҳама месабзанду дарахт гардид.
Нафароне аз деҳ омада ба писари пирамард мегӯянд, ки аз ҳоли волидайнаш хабар гирад, лек фарзанд ба деҳа рафтан хуб нест, деҳа ҷойи одам не, гуфта намеравад.
Як замон писар бо зарурате ба деҳа меояду хонаи падарро намеёбад, зеро дар ин миён деҳ хеле ободу зебо гардида буд. Падарро ҷӯё мешавад ва бо роҳнамоии аҳли деҳ хонаи бачагияшро дармеёбад, ки хеле тағйир кардааст, зеботар аз пештара шудааст.
Писар ҳайрон мешаваду аз падараш ҳамон пирамард мепурсад, ки чӣ хел ин тарҳи иморатро иваз кардааст?
Пирамард мегӯяд, ки ман ба меҳмон асрори деҳаро гуфтанӣ нестам ва беҳтар аз ҳамон роҳе, ки омадӣ ба он баргардӣ.
Писар мегӯяд ман писари ту ҳастам, фарзандат!
Пирамард дар ҷавоб мегӯяд, шояд замоне ман ба уммед туро фарзанд гуфта ба воя расонидам, аммо дар сурат гирифтани ту ҳамчун инсон ман ягон саҳме надорам. Зеро туро аз мактаби инсонӣ нагузаронидаам ва бар замми ин ман аз рафтани ту ба шаҳр зарар ҳам надидам. Бар ивази ин иштибоҳам ман ба парвариши ниҳол машғул шудам ва дар ин миён садҳо хонаро аз ҳисоби дарахтони шинонидаам обод кардем, симои деҳаро тағйир додем. Зебогие, ки ту мебинӣ ин ҳамааш пас аз рафтани ту шуд, аммо ба саволе ту ҳоло ҷавоб бидеҳ, ки дар шаҳр чӣ қадар ободкорӣ намудӣ?
Ба чанд нафар кӯмак кардӣ?
Писар ором буд ва чизе ҳам гуфта наметавонист...
Маълум, ки ту коре накардаӣ, ҳатто зиндагии худатро обод карда натавонистаӣ!-идома медиҳад пирамард: Вале бо як хислати пасти инсонӣ тавонистӣ деҳаро, зодгоҳатро ҷойи одам нест бигӯӣ, ки ин бадтарин хислат аст. Пас аз шунидани ин суханат ман туро аз фарзандӣ баровардам, то рӯҳам осуда бошад-мегӯяд пирамард.
Писар дар тааҷҷуб меафтад ва мепурсад, чаро?
Бале, нафаре, ки ғайрат намуда ба макони зисташ, зодгоҳаш, хонаи падараш сухани носазо мегӯяд вай инсон нест. Пас вақте, ки ту инсон нестӣ, хулқи инсонӣ надорӣ, чӣ тавр ман туро фарзандам бигӯям?! Ман аз чунин фарзанде, ки хулқи одамӣ надорад, шарм медорам-мегӯяд пирамард. Аз бенангӣ, беномусӣ, бефарзандӣ беҳтар аст гуфтаанд бузургон, аз ин лиҳоз бефарзанд бимирам беҳтар назар ба доғи беномусӣ, мегӯяд пирамард.
Шояд ин лаҳза барои ҳамагон намунаи ибрат бошад, аммо набояд фаромӯш кард, ки заҳри забон сахттарин ханҷар аст ва садҳо дилро мешиканад, номуси инсониро аз байн мебарад, мисли гуфтоварди боло, ки чӣ гуна ба қадри зодгоҳ нарасидан ва фаромӯш сохтани мактаби инсониро ёдрас менамояд.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар