Асосӣ Мақолаҳо Пешвои миллат- кафили сулҳу оромӣ дар кишвар

Пешвои миллат- кафили сулҳу оромӣ дар кишвар

Пешвои миллат- кафили сулҳу оромӣ дар кишвар
2016-02-09
6116

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Аҳмад ибни Ҳанбал (рҳ) мегӯяд: “Агар донам, ки дуоям иҷобат мешавад, онро дар ҳаққи подшоҳ мекардам”.

Рӯйдоди бузурге, ки дар соли 2015-ум ба вуқуъ пайваст, ин қабул шудани қонун “Дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат эълон гардидани Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон” мебошад. Ин хабари хуш дар қатори дигар шаҳрвандони Тоҷикистон моро ҳам бетараф нагузошт, зеро Сарвари кишвар бешубҳа лоиқ ва сазовори ҳамин мақом аст. Вақте ки ман дар бораи ин рӯйдод фикр мекардам, аз пеши назарам хизматҳои Ҷаноби Олӣ дар соҳаи маърифату маданият, хусусан дар соҳаи дин мегузашт. Дар воқеъ хизматҳои Сарвари давлат дар ҳақи олимон, донишмандон ва зиёиён ҳадду канор надорад. Мо чигуна хизматҳои содиқонаи ин фарзанди фарзонаи миллатро нодида мегирем? Он кас дар бораи барқарор кардани сулҳ дар кишвар ва ваҳдати миллӣ, баргардондани гурезагон, барқарор кардани Сарқонуни кишвар, қайд кардани 1100 солагии давлати Сомониён, ташкил кардани анҷумани тоҷикон, пешвоз гирифтани 1310 солагии Имоми Аъзам (р), чорабиниҳои бузург  дар бораи “Об манбаи ҳаёт аст”, дар бораи ташкил кардани анҷуманҳои бошукӯҳ доир бузургдошти гузаштаи миллати тиоҷик ба мислӣ устод Абӯабдулло Рудакӣ, Ҷалолуддини  Балхӣ, Ибни Сино ва аллома Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ ташаббусҳои калон нишон доданд. Масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла: муносибат надоштани терроризм ба Исломро аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дифоъ карданд ва баён намуданд, ки террорист инсонҳои вайронкоранд, ки ватан, дин, номус ва миллат надоранд. Ба сабаби қабули қонунҳои дар ҳаёт муҳим, рӯз то рӯз зиндагии мардум хуб шуда истодааст. Барои мисол қабули қонун “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо” пеши роҳи исрофкориҳои бисёр гирифта шуданд, зеро Худованд мефармояд: “Бихӯред, бинӯшед, аммо исроф накунед”. Зотан сарчашмаи фақир шудан ин исрофкорӣ аст. Қабули қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” низ бисёр бамаврид буд, зеро барои саводнок шудани фарзандон бояд алоқаи зич байни мактабу хона бошад, ки ин алоқа барои тарбияи фарзандон низ бисёр амри зарурист. Соли 2010 эълон шудани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги Ислом аз ҷумлаи хизматҳои Сарвари кишвар мебошад. Дар маркази шаҳри Душанбе бино шудани масҷиди калон, ки дар як вақт яксаду панҷоҳ ҳазор намозгузорро мегунҷонад, иқдоми басо наҷибу савоб аст, ки касе инро мушоҳида намояд, бешак ба ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ шукрона ба даргоҳи Худованд лозим медорад. Инчунин тинҷӣ ва оромие, ки дар кишвар ҳукмфармост, боиси шукронаи беадад низ ҳаст.

 Ҳар сол зиёда аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафари мубораки ҳаҷ рафтанашон ва худи Пешвои миллат чанд бор ҳаҷи умра  карданаш, хусусан дар аввали соли ҷорӣ ҳаҷи умра карда, дар даруни Каъба бо ҳамроҳии хонадонашон дуои нек дар ҳаққи миллату кишвар карданашон, ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат барои шукуфоии дини мубини Ислом дар кишвар тамоми ҷаҳду талошҳои худро анҷом дода истодааст.

Он амалҳои неки Сардори кишвар, барои оромӣ ва тинҷии кишвар баракат аст, зеро ба қадри ин неъмати бузург расидан амри зарурист. Аз Ҳазрати Алӣ (р) пурсиданд, ширинтарин чиз дар дунё чист? Он Ҳазрат дар посухи ин суол фармудаанд: “Дар дунё аз ҳама ширинтарин чиз ин тинҷӣ ва амонист”.

Имом Барбаҳорӣ (рҳ) яке аз шогирдони Имом Ҳамбал (рҳ) дар “Китобус-сунна”-и худ гуфтанд:

"وإذا رأيت الرجل  يدعو على السلطان، فاعلم أنه صاحب هوى، وإذا رأيت الرجل يدعو للسلطان بالصلاح فاعلم أنه صاحب سنة إن شاء الله"

 “Вақте дидӣ касеро, ки дар ҳақи подшоҳ дуо мекунад, бидон, ки он кас соҳиби  суннат аст ва агар бар зидди подшоҳ дуо бикунад, соҳиби бидъат аст”.

Дар ҳақи роҳбар дуо кардан мустаҳаб аст, зеро салоҳи роҳбар манфиати халқ аст. Инро дини мубини Ислом барои мо меомӯзад. Пешвои мазҳаб Имоми Аъзам (р)  ба маҳбубтарин шогирдаш Имом Абуюсуф васият намудаанд, ки эҳтироми подшоҳат намо. (Васиятномаи Имоми Аъзам)

Парвардигоро пешвои миллатро некбахтии дорайнро насибу рӯзӣ бигардон. Омин ё Раббал оламин.

Мутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ

Ҳомидов А.

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:29
Пешин12:40
Аср17:50
Шом19:47
Хуфтан21:17
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар