Салафия сабаби ихтилоф аст!
Имрӯз бо шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сиёсати одилонаи Президенти Тоҷикистон пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоату ибодат дину диёнат ҳамаи шароит муҳайё аст, мардум хусусан, ходимони дин шукронаи неъматҳои илоҳӣ мекунанд.
Дар ҳамаи давраи замон инсонҳои ношукр ҳам пайдо мешаванд, афсӯс дар замони мо агар иддаи каме бошанд ҳам, шахсони носипос неъматҳои илоҳиро пеши по мезананд, тинҷию оромиро қадр намекунанд. Аз ҷумла шахсон ё гурӯҳҳое ҳам ҳастанд, ки аз номи дини мубини Ислом барои ғаразҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ сӯиистифода карда, бо номи Ислом ҳизб ташкил мекунанд.
Агар аз рӯи ҳақиқат назар кунем, Ислом ба ягон ҳизби динӣ эҳтиёҷ надорад. Ин андешаро банда ҳашт сол пеш дар ҷамъомади умумиҷумҳуриявӣ баён намуда, хоҳиш кардам, ки фаъолияти ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ғайр аз ихтилофу тафриқаандозӣ ягон фоидае надорад. Агар фаъолияти он бо роҳҳои қонунӣ боздошт шавад, нуран ало нур мешавад.
Ҳизби наҳзат дар давоми солҳо бо сабаби камбудиҳо аз назари мардум монд, дар вилояти Суғд аъзои он бо хоҳиши худашон аз ин ҳизб баромаданд, дарҳои бахш ва шуъбаҳо бо ихтиёри худи аъзои ҳизб баста шуд.
Ҳизбҳои ба ном динӣ ҳамчун «Ҳизби Таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ҷамъияти таблиғ», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ҷундуллоҳ», «Салафия» ва ғайра бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизбу ҷараёнҳои экстремистӣ-террористӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар байни ин аҳзобу ҷараёнҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ҷараёни «Салафия» зиёдтар ва ошкоротар ба назар мерасад.
Дар ибтидо гурӯҳи салафиҳо дар намозҳои ҷумъа баъди қироати сураи «Фотиҳа», «омин»-ро баланд мегуфтагӣ шуданд, оҳиста-оҳиста дар ибодатҳо, ақида ва бемазҳабӣ ихтилоф андохтанд. Бо ин кори худ онҳо пирони намозгузорро ба ғалат хондани намоз ва нодуруст ба ҷо овардани ибодатҳо айбдор мекарданд. Ҷавонони ноогоҳро бовар мекунониданд, ки тибқи гуфтаҳояшон амал кунанд.
Раёсати Шӯрои уламои дини вилоят, садорати масҷиди ҷомеи марказии «Шайх Маслиҳатдин» ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Хуҷанд хато ва нодуруст будани таълимоти ҷараёни салафияро дар намозҳои ҷумъа, мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамроҳии раиси шаҳр дар маҳаллаҳо ва барномаҳои телевизиону радио изҳор намуда, пеши роҳи авҷгирии онро гирифтанд, Бо вуҷуди ин салафиҳо дар масҷидҳои панҷвақтаи маҳаллаҳо фаъолият намуда, ба норозигии мӯйсафедон рӯ ба рӯ шуданд, дар адои урфу одат тафриқа андохта, дар хонаи майит фотиҳахонӣ, тиловати Қуръон ва ғайраро бидъат ҳукм карда, мардумро ба бемазҳабӣ даъват карданд.
Баъзеҳо мегуфтанд, ки салафиҳо ба сиёсат кордор нестанд, аммо таҷрибаи ҳаёт нишон дод, ки дар Либия як сол шиорашон чунин буд: «Ман таҳаззаба хона», яъне «Ҳар касе, ки аз номи дин ҳизб ташкил кунад, хиёнаткор аст». Соли 2010 бо ташаббуси баъзе ташкилотҳои хориҷӣ фаъолияти ҷараёни «Салафия» иҷозат дода шуд. Соли 2011 вақте ки нооромиҳо дар Либия сар шуд, аввалин шуда «Салафиҳо» даст ба силоҳи оташфишон зада мардуми оддиро ба қатл расонида, соҳиби қудрат шуданд.
Дар Тоҷикистон ҷараёни «Салафия» бо шарофати гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва ҳалномаи Суди Олӣ қисман ислоҳ шуда бошад ҳам, то ҳол тамоман аз байн нарафтааст. Вақте як ҷавонро мебинем, ки тибқи таълимоти «Салафия» амал мекунад бояд бетараф набошем, зеро вақте инсон ҷиноят, кори хато, тафриқаву ихтилофро бинаду пеши роҳи онро нагирад, гунаҳкор мешавад.
Ҳар як фард қатъи назар аз он ки раиси маҳалла, фаъоли маҳалла, аҳли зиё ё ходими дин аст, бояд тарғибгари тинҷию оромии кишвар бошад. Ходимони дин нагузоранд, ки аз номи дини мубини Ислом сӯиистифода шавад ва ба мардум фаҳмонанд, ки ҳизбу ҷараёнҳои ба ном динӣ, ки номҳояшон гуногун аст, ҳадафи ягона доранд, яъне ба даст овардани қудрат (ҳукумат) ва ноором кардани кишвар мебошад.
Сиёсикунонии Ислом ба зарари дин, ватан ва миллати мо мебошад. Зеро дини Ислом, дини қатлу ғорат, буғзу адоват ва ҷудоиандозӣ набуда, балки Ислом аз номаш ва таълимоташ маълум аст, ки дини тинҷию оромӣ аст.
Таълимоти дини Ислом саршор аз раҳму шафқат аст.
Дар ҳадиси шариф омадааст: «Ад-дину ан-насиҳа», яъне «Дин насиҳат аст». Дар ҳақиқат дини мубини Ислом дини ақидаи солим, ибодат, одобу ахлоқ, муомилаи нек, меҳнати ҳалол, раҳму шафқат мебошад.
Дар солҳои охир бо зуҳури ин ҷараён дар байни ҷавонон ихтилофоти ақидавӣ, пайравӣ накардан ба мазҳаб, ҳатто байни намозгузорон буғзу адоват ба мушоҳида мерасад.
Салафиҳо худро иҷрокунандаи қавли Пайғамбар, алайҳиссалом, мешуморанд, аммо тасбиҳот ва дуруду дуои баъди намозро агарчи мувофиқи ҳадиси шариф бошад ҳам, иҷро намекунанд, ҳатто бидъат гуфта, даъво ҳам карданд, аммо бо камоли масъулият дарк намекунанд, ки дар истиноди ҳадис ва масъалаи фиқҳӣ мартаба ва манзалати Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит куҷову онҳо куҷоянд, онҳо ба насиҳат худ эҳтиёҷ доранд.
Инсон ба насиҳат муҳтоҷ аст, дар ҳамаи давру замон падару модар дар оила, устодон дар мактабу дор-ул-улум, ходимони дин аз минбари масҷид фарзандону шогирдонро, мардумро насиҳат мекарданд.
Имрӯз мо бояд бетараф набошем, пеши роҳи шомил шудани ҷавононро ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бигирем.
Ҷавонони мо бояд илм омӯзанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, ватани худро обод кунанд. Фарзандони худро дар рӯҳияи солим тарбия намуда, хидмати падару модарро карда дуои онҳоро гиранд. Иншооллоҳ соҳиби саодат мешаванд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
Муовини Раиси Шӯрои уламои
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар