Асосӣ Мақолаҳо Мулло Алӣ Қории Ҳаравӣ – муҳаққиқ ва фақеҳи ҳанафӣ

Мулло Алӣ Қории Ҳаравӣ – муҳаққиқ ва фақеҳи ҳанафӣ

Мулло Алӣ Қории Ҳаравӣ – муҳаққиқ ва фақеҳи ҳанафӣ
2016-02-24
5638

(... – 1014 ҳ./1606 м.)

Исму насаб

Нуруддин Алӣ ибни Султон ибни Муҳаммади Ҳаравии Маккии Ҳанафӣ маъруф ба Мулло Алӣ Қорӣ яке донишмандони бузург ва аз муҳаққиқони барҷастаи қарни 10 - 11-уми ҳиҷрӣ ба шумор меравад. Ӯ дар шаҳри Ҳирот ба дунё омада, дар шаҳри Макка зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Қорӣ пас аз он ки дар зодгоҳи худ ба таҳсили бахше аз улум муваффақ гардид, ба Макка рафт ва аз машоиху уламои он сарзамин илму дониш андӯхт ва ҳамин гуна овозаи ӯ интишор ёфт. Алӣ Қорӣ дар баробари имоми қироат будан, фақеҳу муҳаддис, усулии забардаст, муфассиру мутакаллим, сӯфию муаррих, наҳвӣ ва адиби мумтоз низ буд.

Устодон ва машоихи Қорӣ

Мулло Алӣ Қорӣ аз олимон ва устодони бузурге илм омӯхта, пояи илмии худро такмил намуд ва ба ҳамин тартиб бо саъйу кӯшиши фаровон илму донишро аз устодони Арабу Аҷам фаро гирифт. Аз ҷумлаи донишмандоне, ки Алӣ Қорӣ аз онҳо касби илм намудааст, инҳоро метавон ном бурд: Абулҳасани Бакрӣ, Сайид Закарийёи Ҳусайнӣ - шогирди олими раббонӣ Мавлоно Исмоили Шарвонӣ, Шиҳоб Аҳмад ибни Ҳасани Ҳайсамӣ, Шайх Абдуллоҳи Синдӣ, Атийяи Суламии Маккӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Самарқандии Нақшбандӣ, Шайх Алии Муттақӣ, Шайх Миркалон ва дигарон.

Худованд ба вай заковати фавқулода, ақлу хиради расо, фаҳми дақиқ ва забони содаву равон дода буд, ки заминаи ба даст овардани маълумоти кофӣ дар улуму фунуни зиёдеро барои вай фароҳам намуд ва дар натиҷа яке аз бузургон ва саромадони ҳифзу фаҳм гардид.

Таълифоти Қорӣ

Мулло Алӣ Қорӣ дар улуми зиёде аз қабили фиқҳу ҳадис, тафсиру қироат, усули фиқҳ, илми ақида ва калом, мерос, тасаввуф, таърих, тароҷиму табақот, адабу луғат, наҳв ва ғайра китобҳо ва таълифоти гаронмоя ва пурарзише ба мерос гузоштааст.

Таълифоти Алӣ Қорӣ бо забони сода ва сабки ба худ хос нигошта шуда, дар мавзуъи худ бисёр арзишманд ва муфид мебошанд. Дар тазкираҳо  шумори таълифоти ӯро беш аз 125 китобу рисола зикр намудаанд. Аз ҳамин сабаб соҳибони тазкираҳо аз ӯ ба унвони «Муҷаддиди соли 1000-и ҳиҷрӣ» ёдовар мешаванд. Ин ҷо ба таври мухтасар баъзе аз таълифоти ӯро зикр мекунем.

  1. Фатҳу бобил-иноя бишарҳин-Нуқоя.
  2. Шарҳи Виқоя.
  3. Иршодус-сорӣ фил-маносик.
  4. Ас-симорул-ҷанийя фӣ асмоил-ҳанафийя.
  5. Шарҳи сулосиёти Бухорӣ.
  6. Нузҳатул-хотирил-фотир фӣ тарҷаматиш-шайх Абдилқодир.
  7. Ан-номус (дар илми луғат).
  8. Шарҳи Фиқҳи акбар.
  9. Тазйинул-ибора фӣ таҳсинил-ишора.
  10.  Ат-тадҳин лит-тазйин.
  11. Ал-ҳаззул-авфар фӣ ҳаҷҷил-акбар.
  12. Рисола дар мавзӯи никоҳ, ки бо чиҳил ҳадис тавзеҳ ва шарҳ дода шудааст.
  13. Рисола дар фазилати Қуръон, ки онро низ бо чиҳил ҳадис тавзеҳ додааст.
  14. Рисола дар таркиби калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ».
  15. Рисола дар масъалаи басмала дар аввали сураи Бароат.
  16. Ал-аҳодисул-қудсийя вал-калимотул-унсийя.
  17. Ал-ҳирзус-самин - шарҳи китоби «Ал-ҳиснул-ҳасин мин каломи Саййидил-мурсалин» аз таълифоти Шамсуддин Муҳаммади Ҷазарӣ, ки фарогири дуоҳо ва авроди ривоятшуда аз Расули акрам (с) аст.
  18. Фатҳур-Раҳмон бифазоили Шаъбон.
  19. Мирқотул-мафотеҳ - шарҳи «Мишкотул-масобеҳ».
  20. Завъул-маъолӣ – шарҳи қасидаи Бадъул-амолӣ.

Вафоти ӯ

Мулло Алӣ Қорӣ дар моҳи шавволи соли 1014-и ҳиҷрӣ дар Маккаи мукаррама вафот кард ва дар минтақае ба номи Муаллот дафн гардид. Дар ривояти дигаре соли вафоти ӯро 1016-и ҳиҷрӣ қайд кардаанд. Ҳангоме ки хабари вафоти ӯ ба уламои Миср расид, дар ҷомеъи Азҳар зиёда аз чаҳор ҳазор нафар бар ӯ намози ҷанозаи ғоибона гузориданд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:29
Пешин12:40
Аср17:50
Шом19:47
Хуфтан21:17
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар