Қуръон нурест аз анвори илоҳӣ

Ба номи Худое, ки ҷон офарид,
Сухан гуфтан андар забон офарид.
Ҳамду сано мар Худойро, ки Рабби оламиён аст, дуруду дуо ба беҳтарин паёмбари Худо Муҳаммад саллалоҳу ъалайҳи ва саллам, ки шафоатхоҳи рӯзи ҷазост ва бар олу асҳоби эшон.
Қурон аслан бо калом тавсифношуданист. Ба ҳеҷ гуна забон ва алҳон мо наметавонем, ки Қуръонро таъриф кунем. Зеро фармудаҳои Қуръон каломи махлуқ не, балки каломи Холиқ аст. Барҳақ Қуръон дар тамоми давру замон мавриди истифода буданаш, тӯли чаҳордаҳ садаи сипаришуда меҳвари асоси омӯзиши умдатарин уламо ва ҳукамои адвори гуногун қарор гирифта, то ҳануз басо асрори пурҳикмати он нокушода мондааст.
Қуръон розои ин қадар солиён бо шафоати китоби такзияи ахлоқу одоб, меҳроби мусалмонон ва нуре аз анвори илоҳӣ буданаш дар назди мардуми боимон истифода мешавад. Имрӯз ҳам, бешак, метавон гуфт, ки Қуръон раҳобахши аҳли ҷомеа ва ҳар гуна бӯҳронот ва тазодот буда, ҳамин тавр боқӣ мондааст. Он ба маъни томаш зиндагиномаи аҳли башар аст ва ҳар як ояти он моломоли маънист ва ифодагари бузурги зоти ақдас ҷалла ҷалолуҳу ва баландмартабагии паёмбари Худо Муҳаммади мустафост.
Қуръони карим ин суруши осмонӣ, ин муъҷизаи ҷовидона ва ин саодатномаи аҳли башар то як рӯзи оламу одам ва мавҷудот боқӣ бошад, вуҷуд дорад. Ва ҳеҷ кас қодир нест, ки ин ҳақиқатро поймол кунад.
Қироати Қуръон ва тадаббуру тафаккур сари ҳар як ояти он аз шарафи инсони комил, хосса мусалмон аст. Яъне,
Аҳли имонро шараф аз хондани Қуръон бошад,
Мунис аз Қуръон гузинад, ҳар киро имон бувад.
Ҳаст Қуръон баҳри илму кони файз,
Илм аз Қуръон талаб, зеро ки дурр дар кон бувад.
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар