Асосӣ Мақолаҳо ИДИ ҚУРБОН ВА ҶОЙГОҲИ ҚУРБОНӢ

ИДИ ҚУРБОН ВА ҶОЙГОҲИ ҚУРБОНӢ

ИДИ ҚУРБОН ВА ҶОЙГОҲИ ҚУРБОНӢ
2022-07-06
1369

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

          Баъд аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ бо хости Худованди мутаъол ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии кишвар эҳё, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба анъанаву маросимҳо ва суннатҳои мардумӣ, ҷузъи сиёсати давлатдорӣ гашта, бо тантана ҷашн гирифтани онҳо як амали муқаррарӣ гаштааст.

         Иди саиди Фитр ва иди Қурбон дар баробари дигар санаҳои муҳими таърихии ҳаёти кишвар ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Ин худ нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих, фарҳанги мардумӣ ва маросимҳои марбут ба дини мубини Ислом мебошад.

      Тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам дар иди Қурбон то се рўз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Аснои қурбонӣ кардан шахс метавонад гўшти қурбониро ҳам худаш бихўрад ва ҳам ба хешону ҳамсоягонаш миқдоре аз онро бидиҳад.

        Қурбонӣ як ибодати муҳим ва яке аз шиорҳои Ислом аст, ки решаи таърихии он ба замони Одам (а) бармегардад ва дар замони ҳар як пайғомбар муқаддас будааст.

       Расули акрам (с) фармуданд: “Ҳар ки қурбонӣ кунад, шаҳодат медиҳам, ки аз хуни қурбонӣ қатраи аввал дар замин чакад, Аллоҳ таъоло гуноҳони гузаштаи ўро мағфират кунад”.

          Ҳазрати Довуд алайҳиссалом гуфт: – «Илоҳо, ба қурбонӣ кардани умматони Муҳаммад алайҳиссалом чӣ ато мекуни?”

          Аллоњ таъоло хитоб кард, ё Довуд, ҳар ки аз умматони Муҳаммад алайҳиссалом қурбонӣ кунад, ба ҳар мўе, ки дар бадани он қурбонӣ бошад, ба ў даҳ некӣ ато карда, даҳ гуноҳи ўро нест гардонам ва барои ў дар биҳишт қасрҳо ато кунам ва Ҳурулийнро насиби ў гардонам.

          Қурбониро бояд, ки баъд аз намози ид бикушанд. Беҳтар он аст, ки қурбониро шахси қурбоникунанда худаш бикушад. Агар натавонад, ба дигаре амр кунад, аммо мустаҳаб он аст, ки дар болои куштан ҳозир бошад. Рўи қурбониро бояд сўи қибла гардонад.

        Аз Зайд ибни Арқам (р) ривоят шудааст, ки асҳоби Расулуллоҳ (с) аз он Ҳазрат (с) пурсиданд: «Ё Расулаллоҳ (с), ин қурбониҳо чист?» Фармуданд: «Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст». Гуфтанд: Пас чӣ суде барои мо дорад? Фармуданд: «Дар баробари ҳар тори пашм ва мўи он як ҳасана барои шумо дода мешавад».

        Инчунин аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рўзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. Ҳайвони қурбонӣ рўзи қиёмат бо шоху пашм ва мўю сумби худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед».

         Ногуфта намонад, ки  қурбонии гусфанду буз танҳо барои як нафар, аммо  гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Ҳайвони қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гўсфанд на камтар аз як сол бошад, аммо барраи шашмоҳа ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад ва ҷуссаи қавӣ дошта бошад, ҷоиз аст.

         Агар гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз  нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

        Дар рўзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кўмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст. 

          Илоҳо, ҳамаи муьминонро тавфиқи қурбонӣ кардан арзонӣ  дошта, қурбонии бандагони заифу оҷизро ба даргоҳи худ қабул фармоӣ. Омин!

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар